Бойгонӣ

ГУРГИ ҒАДДОР

  М. Ауэзов (нависандаи қазоқ)
             ҲИКОЯ

  Ҳарчанд дараи  калони назди Теппаи сиёҳ як мавзеи хилвату беодам бошад ҳам, ба чӯпонҳои авулҳои гирду атроф хеле хуб маълум буд. Аз ин дара зуд-зуд ба сари мардум бало фурӯ мерехт. Теппаи сиёҳ гӯё  кулоҳи пашмӣ ба сар карда бошад, бо буттаҳои кӯтоҳқади қараған ва табулға пӯшонида шудааст. Ҳоло муғчаҳои нӯгҳои қараған шукуфтаанд ва ба назар сабзи камнур метобанд. Дар сар то сари дара буттаҳои настаран рӯйидаанду дар зери гилеми ғуллӣ ва серхори ин буттаҳо хонаҳои гургҳо пинҳон шудаанд.
Аз дара гоҳ-гоҳе бошиддат боди серуни моҳи май мевазад ва ба димоғ бӯйи сабзаҳои навруста ва пиёзи ёбоиро мерасонад. Буттаҳо меҷунбанд, хушку бесадо, гӯё бо ҳам роз мегуфта бошанд, хиширрос мезананд. Охирҳои баҳорон ба дара, ба лонаҳои  куҳнаи худ гурги нар ва модагурге омаданд. Лонаҳои куҳнаи онҳоро обҳои борон шуста буд ва одам метавонист бемалол ба онҳо ворид шавад. Гургҳо дар наздикӣ  хафоли нави тангтаре канданд  ва онро бо сӯрохиҳои тор ба лонаҳои куҳна пайвастанд.
 Пойҳои гургҳо хоки тоза кандашударо шибба карданд. Пӯсти беранги модагург ҳанӯз пашми нав набароварда буд, ки дар лона гургбачаҳои хокистариранг пайдо шуданд. Як субҳи сокит модагург дар офтобрӯя байни тудагулҳои шилхаи роғӣ дароз кашида буд. Чун ин ҷо шамолпаноҳ ва ҳавояш дам буд,  модагургро хоб пахш мекард. Ӯ ғанаб мекарду гоҳ - гоҳ чашми хоболуди худро нимбоз менамуд. Паҳлуҳои  модагург фурӯ рафта, пистонҳояш аз шир  варамида буданд. Пӯсти тахтапушташ  бидуни ихтиёр  кашиш  мехӯрд, пистонҳояш беист меларзиданд.
        Аз  паси буттаҳо  садои пасти  кирс- кирс шунида шуд. Модагург  даъфатан аз ҷо барҷаст ва лӯндаҳои пашми сафеди ба замин рехтаи ӯ ба чаҳор  тараф  пош хӯрданд. Модагург бо садои паст ғуррос  зада, дандонҳои худро  нишон дод. Гургбачаҳо зери пойи ӯ меҷӯлиданд.
    Худи  ҳамон лаҳза аз болои радаи буттаҳои сершох танаи барае парида гузашта, шалаппосзанон назди модагург  афтод. Аз қафои он беовоз гурги бузургҷуссаи  синафарохе, ки думашро  рӯ-руйи замин кашола  мекард, пайдо шуд. Аз  фуки ӯ кафки сурхранге  метаровид. Гург модагургро бӯйид, модагург фуки хунолуди  ӯро ҳарисона мелесид.
     Бара ҳанӯз зинда буд. Гургҳо худро болои вай афканданд, дар як он бараро  пора- пора карданд. Ду даҳони носерами пур аз дандонҳои  сафед пораҳои калон- калони  гӯшти нарму гармро фурӯ  мебурданд.  Чашмҳои сабзи гургҳо  аз хашм барқ мезаданд.
     Чун бараро  пок- покиза  бихӯранд, гургҳо худро болои  алафҳои  тару тоза  ва хушбӯ андохтанд ва бо тамоми  қад дароз кашиданд. Сипас, бо навбат гӯштҳои  фурӯбурдаашонро  қай карданд.
     Гургбачаҳо  яке аз паси дигар хазида ба гӯшт  наздик меомаданд, ғур- ғуркунон ҳамдигарро  тела дода, фукҳояшонро  ба гӯшт  мезаданд. Фақат ду гургбачаи охиртар аз ҳама таваллудшуда ҳанӯз чашм во накарда буданд.  Модагург онҳоро наздиктари пистонҳояшон кашид.
     Рӯзи дигар, вақте офтоб ба қиём расида буд, модагург  ҳанӯз аз дур бӯйи нохушу  сахт ва ғализи  аспҳоро эҳсос кард. Ӯ  бо шитоб гургбачаҳоро  бо лона тела карда, худ байни буттаҳо пинҳон гашт, овози одамон, садои суми аспон  шунида шуд.
      Одамон ба лонаи гургҳо наздик омада, пиёда шуданд. Садои якмароми ба замин  бархӯрдани чӯбдастҳои чӯпонӣ  шунида мешуд.
     Модагург, ки ба забони аз даҳон беруномадааш дар миёни буттаҳои настаран, дар нишебии  баланди дара пинҳон буд, ҳамаи ҳаракатҳои  одамонро мушоҳида мекард.
    Одамон ба сару гардани  гургбачаҳо аз тасмаҳои борики чармии мустаҳкам ҳалқа андохта, онҳоро бо навбат аз лонаи торик берун мекашиданд. Дар худи ҳамон ҷо кори панҷ гургбачаро тамом карданд. Пойҳои ақиби гургбачаи дигарро зада шикастанд ва ӯро назди косахонаи  сари бара афканданд. Одамон медонистанд: гургбачаи пойҳояш шикаста оҷизона рӯ-рӯйи  замин мехазад, нотавонона  менолад, гургҳо ӯро бардошта  мебаранду муддати дуру дарозе  аз ин ҷойҳо гуму бенишон  мешаванд. Гургбачаи хурдтаринро одамон бо худ бурданд.
     Дар дара садои суми аспҳо хомӯш шуд. Гурги ёлсиёҳи бақувват  ва модагурги  сафед аз ду тараф ба гургбачае, ки ба замин парчин шуда буд, наздик омаданд, бо хашм ба гургбача  ва баъд ба ҳамдигар дандонҳояшонро нишон доданд. Модагург алалфавр бо дандонҳояш гургбачаро бардошт ва тирвор аз нишебӣ ба боло тохт. Гурги нар бо ҷаҳишҳои  баланд- баланд, гӯё парвозкунон аз қафои  модагург давид. Хафол холӣ монд.
     Дар авул писарбачае бо номи Курмаш  мезист. Гургбачаро  ба ӯ тақдим карданд.
     Курмаш аз гургбача як қадам дур  намешуд. Барои вай табақчаи  тозаи ғизохӯрӣ ва гарданбанди мулоими  чармӣ омода кард. Тақрибан баъди ду рӯз  чашмҳои гургбача боз шуданд, вале  ӯ аз хайма  сар берун намекард, зеро аз берун садои  ак- ак ва бӯйи  нохуши  сагҳо  меомад. Шабҳо Курмаш гургбачаро зери кӯрпаи худ  мегирифт. Ба хотири гургбача Курмаш  акнун аз модаркалонаш, ки ӯро дар олам беш аз ҳар каси дигар дӯст  медошт, ҷудо мехобид.  
      Модаркалон ягона шахсе буд, ки дилбастагии набераашро  ба ин ҳайвончаи даҳонаш  пур аз дандонҳои  мисли хор тез намеписандид.
     - Ӯ ҳанӯз чашмҳояш боз нашуда, аллакай  дандон бароварда буд, - мегуфт модаркалон. – Ҳоло ба пояш  наистода, дидӣ, ки гӯшҳояшро хамкунон ба пушти каллааш хоҳад часпонд.
       Аз ин ҳарфҳои  модаркалон  қаҳри писарбача  меомад.
Мобайнҳои  тобистон  гургбача қад кашид бақувват шуд ва аз сагбачаҳои авул, ки ҳамсоли худаш буданд, фарқе намекард. Агар пашмаш каме  зиёдтар  мебуд, ба саги  хурди  чӯпонии  гургафкан  монанд мешуд. Вале авул барои бачаи гург гӯё  зиндон буд. Сагҳои чӯпонӣ  намехостанд ӯро қатори хеш бипазиранд. Модаркалон ҳам ӯро   қабул  намекард. Ҳар боре, ки  гургбача  ҷуръат карда  аз хайма  сар берун  мебаровард, сагҳо  ӯро бо даҳони боз ва хашмгину хашин  истиқбол мекарданд. Курмаш ҳамеша тарафи ӯро мегирифт  ва сагҳои бовафои  чӯпонӣ озурдахотирона аккос зада, канор мерафтанд. Хайма ба гургбача тангӣ мекард. Ӯ дар ин ҷо гӯё нафасгардон мешуд. Дилаш  мехост ба дашт, байни алафҳои баланди рангоранг, ба паҳноҳои  ношинос биравад.
     Боре, вақте  ки писарбача дар наздикиҳо набуд, саги калонҷуссаи ало   фурсатро ғанимат донист, бачаи гургро аз хайма дуртар ронд, ӯро ба замин афканду муддати дарозе ба дандонҳои гаронаш ба хоидани вай шуруъ кард. Сагҳои дигар ҳам  расиданд ва бо шавқу шӯр аккосзанон ба  пойҳои гургбача дандон мезаданд. Писарбачагону калонсолон тозон омаданд ва бо азоб  гургбачаро  аз дандони  сагҳо раҳониданд. Гургбачаи беҳолу хаста, ки тамоми баданаш  аз захми дандони сагҳо хуншор буд, ба назди хайма хазид, тахтапушташро ба хайма  гардонида нишаст ва бе он ки садое бароварад, дандонҳои  сафеди худро нишон  медод.
    - Овозе  намебарорад, дидед?... Бовиқор аст!  - ҳайрон  мешуданд мардон. -  Агар бачаи  саг мебурд, ҳоло бо нолаю шевани худ оламро  ба сар бардошта буд.
      Занҳо гуфтанд:
- Дузд аст. Барои ҳамин – лол. 
  Занҳо рост мегуфтанд. Пурхӯрии гургбача ҳатто Курмашро  ба ҳайрат  меандохту  нигарон мекард. Писарбача  ӯро ба ноз  мепарварид, бидуни  таваққуф  ба ӯ нисбат ба сагҳо бештар хӯрок  медод. Аммо гургбача ҳеҷ сер намешуд, ки намешуд. Паҳлуҳо  ва сари  синаи гургбача  босуръат  гӯшт мегирифтанд, пушти гарданаш торафт ғафстар  мешуд. Вале ӯ ҳамеша гурусна буд ва бо бинии нами сиёҳи худ атрофро бӯйида, пайваста  чаҳор тарафи  хаймаро кофтуков мекард.
      Дар ҳузури одамон ба ғизо даст намерасонад, фуки  худро ба сӯйи дигар метофт. Вале ҳамин, ки одам дур  шуд, ӯ дар як мижа ба ҳам задан ҳамаи чизеро, ки пешаш  монда буданд, фурӯ  мебурд ва гӯё  чизе  нахӯрда бошад, маҳзунона ба табақчаи холӣ  менигарист. Чашми одамонро хато карда ҳар чизеро, ки  беназорат  мемонд, ҳарисона ба даҳон  мегирифт. Гӯштҳои обпазшудаи  соҳибонашро  медуздид, чалап-чулупкунон ҷурғоти дегро фурӯ  мебурд, гӯё  ин ҷурғотро барои ӯ тайёр карда бошанд, пӯстҳои  тозаеро, ки  барои хушконидан ба танаи хайма овезон  мекарданд, меҷавид.
    Вай зуд-зуд ба даст  меафтод ва ӯро  бераҳмона лату кӯб  мекарданд. Ӯ зарбаҳои тираки ошро, ки аз ин зарбаҳо  сараш ғуввос  мезад, дарди сахту ҷонкоҳи тозиёнаро, ки нозук, мисли ҳуштак  садо мебаровард, чашиду  таҷриба кард. Ӯ чолокона чапғалат дода, аз ин зарбаҳо  мегурехту хомӯшона  дандонҳои  сафедашро нишон  медод. Боре ҳам нашуда буд, ки вай ҳангоми шатта хӯрдан садо бароварда бошад.
    Дар ин байн дар овул овоза шуд, ки гургбача шабҳо аз сагҳо пинҳонӣ  ба кӯраи гӯсфандон  медарояд ва думбаи бараҳоро  бӯй мекашад. Касе  ҳам  пинҳонӣ ба сӯйи  дашт давидани ӯро дида будааст. Курмаш ба ин овозаҳо эътибор намедод. Гургбача аз Курмаш намеҳаросид ва дар ҳузури ӯ низ ғизо  мехӯрд. Вақте  ки  писарбача  ба вай гӯшт дароз мекард, бачаи гург  онро ҳарисона аз дасти ӯ мерабуд. Вале Курмаш боре ҳам  ба сари вай чӯберо, ки  бо он сагҳоро дур  меронд, намебардошт. Курмаш аз гургбача, аз нигоҳи тира, нописандона  ва зеричашмӣ,  аз ёли даҳшатангези вай, ки оҳиста- оҳиста  ранги сиёҳ  мегирифт,  аз қувваи  торафт афзояндаи  гургбача завқ мебурд.
         Ва Курмаш  гургбачаи дӯстдоштаашро Кохсерек, яъне Хокистариранги  Ғаддор ном ниҳод. Охирҳои тобистон Хокистариранги Ғаддор  дигар ба сагҳои авул кам монанд буд. Мисли гӯсола почадароз, тахтапушташ  чун пушти буқа барҷаста, вай  аз ҳамаи  сагҳо бузургҷуссатар шуда буд. Ӯ думи худро намебардошт, тавре  ки сагҳо  мебардоранд ва аз ин рӯ ҷуссааш бештар калон метофт, пушти гардан  ва тахтапушташ зеҳи тарангшудаи камонро мемонанд. Акнун ӯ аз саги ало намегурехт  ва сагҳо ҳам дигар бо  вай арбада намекарданд. Ҳар гоҳ, ки гург каллаи пешонифароху вазнини хокистарии худро дарҳам мекашид, онҳо ба чаҳор тараф фирор  мекарданд. Одатан сагҳо баробари ӯро дидан дар як ҷо ҷамъ  мешуданд. Ӯ аз сагҳо бим дошту сагҳо аз вай  ҳарос.
     Ҳеҷ кас надида буд, ки гург дар авул  сайру гашт карда бошад. Ӯ бо Курмаш ҳам дигар бозӣ намекард. Лақаби худро хуб  ба ёд гирифта буд ва ҳар вақте  ки Курмаш  ё модаркалони  пираш ӯро  садо мекарданд, тозон меомад, вале  саросема  нашуда, бо тааннӣ  медавид ва ҳаргиз думи худро намеликконд.
       Вай ба сагҳо эътиное намедод, агар онҳо ба сӯяш ак- ак кунанд, тарафи  онҳо нигоҳе  ҳам намеандохт,  сагҳоеро, ки  аз ӯ гурезон  мешуданд, таъқиб намекард. Ӯ гӯшҳои нӯгтези худро сих карда, бештар дар сояи хайма мехобид, бо чашмони нимбози  сабзи худ ба атроф нигоҳи сарду тира  меандохт.
     Курмаш аз ин ҳайвони хомӯши  чашмсабзи худ  меболид  ва вақте ки  сагҳои ҳамсоя аз тарс вангосзанон  аз назди гург мегурехтанд, писарбача гоҳо худ  аз гург метарсид,  вале ҳеҷ гоҳ, ҳатто ба модаркалони  пири  меҳрубонаш ҳам ба ин иқрор  намешуд.
      Соҳиби саги ало худситоӣ  мекард:
- Ин думкашоли хокистариранги  шумо  пеши  саги ман чӣ аст?  Саги ман  дар як лаҳза кори ӯро  тамом  мекунад. Агар ӯро намеронданд, кайҳо  ин гургро буғӣ карда  кушта буд.
      Боре ӯ ҳамин тавр, аз бекорӣ, барои санҷиш саги худро ба гург киш-киш дод. Саг бе дудилагӣ, бе шавқ аккосзанон худро ба сӯйи гург андохт  ва ба китфи  ӯ дандон зад. Ӯ  мехост аз гулуи гург бигирад. Дар лаҳзаи охир гург чапғалат дод ва то саг фурсат ёфт, ки худро канор бикашад, гург хомӯшона барҷаст  ва  аз буни каллаи саг бигирифт  ва ӯро ба замин афканд. Саги  азим мисли гӯсфанди фарбеҳи нотавон аз баландӣ  ба поён ғелид. Гург ҳам хато  карда буд, вагарна гулуи  сагро  меканд.
       Курмаш тозон аз хайма  баромад ва Коксерекро  наздаш хонд, саги алоро ҳам  соҳибаш дур ронд.
       Шом, вақте ҳаво торик мешуд, ду гург ногаҳон ба гӯсфандоне, ки назди авул  мечариданд, ҳамла карданд.
       Чӯпон аз ночорӣ доду ғирев бардошту ҳуштак мекашид. Аз авул аспсавор наврасону калонсолон  расиданд. Бо ак- аки гӯшкаркунанда селаи сагҳои авул ҳам тифоқона  ба ёрӣ  омаданд, ки Коксерек  низ миёни онҳо буд.
      Гургҳо ба дашт гурехтанд. Ҳарчанд одамон онҳоро думболгирӣ карданд, расида натавонистанд.
      Дар теппаҳои наздиктарин одамону сагҳо  бозистоданд. Дар дурӣ, дар  теғаи Теппаи  сиёҳ, дар равшании хира  суроби  сояҳои хокистарӣ  мелағжиданд.
      - Имсол барвақт омаданд, - гуфт чӯпон.
Ва  танҳо Курмаш дид, ки Хокистариранги Ғаддор фуки худро қариб  ба замин расонида  ва пайи гургҳоро бӯ гирифта, хомӯшона ба пеш тохт. Писарбача аз одамон ҷудо шуд, бидуни тарсу ҳарос худро ба оғӯши торикӣ, ба ҷониби Теппаи  сиёҳ зад. Вай дуру дароз ва бо меҳрубонӣ садо мекард:
 - Коксерек! Кок-се-рек…
Вале гург ба садои ӯ наомад.
- Гург дар авул шабона пайдо шуд. Ӯ дар рӯ ба рӯйи хаймаи худ истода, бе саросемагӣ бо нохунҳои  мисли оҳани худ замини сахтро ханҷол мекарду чангро ба ҳаво мехезонд.  Сари  худро ба сӯйи осмони пурситора бардошта ҳавои сарди тирамоҳӣ, боди сабукеро, ки  аз ҷониби Теппаи сиёҳ мевазид, ҳарисона ба димоғ мекашид.
      Рӯзона  Хокистариранги Ғаддорро  дар авул дида буданд, аммо шабона ӯ боз ба дашт рафт.
    Се шабонарӯз  аз Коксерек  дарак набуд.  Ӯ  лоғар,  сахт гурусна, аммо  мисли пештара  тиранигоҳ  баргашт.
Вақте ки Курмаш ӯро садо кард, гург сари худро  таҳдидомез  хамкунон, наздик омад. Писарбача хурсандона  гардани серрагу пайи гургро ба оғӯш  гирифт. Гург бо хашм худро раҳо карду гӯшҳояшро ба пушти каллааш часпонд, вале  ҳатто  модаркалон  ҳам ӯро накуҳиш накард, балки  ба тараддуди омода  кардани ғизо афтод.
      Гург ба гунаи  мудҳиш хӯрок мехӯрд ва Курмаш аз назди ӯ дуртар рафт.
     - Оҳо ! Ба зоташ  рафтааст, - ба Курмаш гуфт падараш. – Чашмони  ин ҳайвон  сабзи сабз, рӯзона ҳам  мисли оташ  медурахшанд. Вақти он расидааст, ки  писарҷон, ӯро  пӯст биканем.
      Писарбача фаҳмид, ки  калонсолон  дигар гузашт  намекунанд, гурги  ӯро нобуд менамояд.ва аз ин боис ба танааш ларза афтод.
      Вале  Хокистариранги Ғаддор гӯё пай  бурд, ки дар бораи ӯ гап мезананд. Чун  одамон дуртар  рафтанд, гург ғайб зад. Ҳеҷ кас надид, ки 
ӯ авулро  тарк кард. Пас аз ин Курмаш муддати дароз, гоҳ бо андуҳ,  гоҳ бо таҳдид  ӯро  байни буттаҳо ва алафзорон  меҷуст. Бефоида! Тирамоҳ, бо бодҳои худ гузашт, зимистони қаҳратун болои даштро бо намади  сафед пӯшонид. Аммо Хокистариранги Ғаддор барнагашт.
     Гург  то охирҳои тирамоҳ  дур аз диёраш бо шикори харгӯш  рӯз   мегузаронид аз сайди мушҳо ҳам парҳез намекард. Ӯ  мисли рӯбоҳ аз гӯшти юрмонҳои  фарбеҳ  ҳам лаззат мебурд. Аммо  вақте заминро барф пӯшонид, гуруснагӣ гургро ба бошишгоҳи  одамон, ба кӯраи гӯсфандон наздик овард.
     Акнун ӯ бегонавор поида- поида  меомад ва ҳар гоҳе одамонро медид, пашми  баданаш сих мешуд. 
     Шаб ҳама шаб дар теппаҳо барфпӯш чарх мезаду давр ва болои барф пайи кафу нохунҳояшро боқӣ мегузошт. Аз фуки каме дарҳамкашидааш  ҳавр фаввора  мезад. Ӯ дар тарафи шамолнорас  бозмеистод, ба димоғаш бӯйи гуворои  оғил ва ҳайвоноти  аҳлӣ, ба гӯшаш ак-аки беқароронаи  сагҳо мерасид. Гург бо хашм  дандон  ба ҳам месоид. Ӯ ҳар қадаре гурусна бошад, сагҳои чӯпонӣ ҳамон андоза ҳушёр буданд.
     Дар яке аз рӯзҳои хилвати  тӯфонӣ гург кӯшиш кард, ки ба бошишгоҳи одамон  наздик ояд. Вале  сагҳои ҳамеша бедор гӯё  медонистанд, ки гург аз кадом тараф пайдо мешавад. Ӯро тамоми  селаи сагон бо роҳбарии саги ало пешвоз гирифту дур ронд.
     Бод аз вазидан монд,  ҳаво сард шуд. Гург ба пойҳои қафояш нишаста гӯё  рақс  мекард. Карахши дурушти барф кафи пойҳояшро месӯзонид, кунҷи сиёҳи даҳонаш  ях мекард, шикамаш аз ғояти гуруснагӣ ба дард  меомад. Гург резачорпо давида болои теппа баромад.
    Барф зери нурҳои пурқуввати  моҳтоб  ҷило медод.

             Аз русӣ тарҷумаи А. СИЁВУШ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019