Бойгонӣ

ХАЙРУ САХО

     Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, 

     Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.


   Хайру сахо, некию накукорӣ аз хислатҳои азалии мардуми мост. Кумак ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буда, табақаҳои эҳтиёҷманд ҳамеша аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Роҳбари давлат бархурдоранд. Иқдоми инсондўстонаву хайрхоҳона ва ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба расонидани кумак ба ниёзмандон ҷонибдории амиқ пайдо намудааст ва дар арафаи иду ҷашнҳо эҷтиёҷмандон дастгирӣ карда мешаванд.

Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуз дар арафаи Соли нави мелодӣ амали некеро ба анҷом расонид. Масъулини бахши САҲШ-и ноҳияи зикргардида ба тарбиягирандагони мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритуз дастархони идона ороста, туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Дар назди тарбиятгирандагон сардори шуъбаи Асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон З. Сафарзода баромад намуда, эшонро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки ятимону маъюбон таҳти таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд ва ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Ин иқдомҳои ватандўстона аз сиёсати инсондўстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манша мегиранд. 

Бояд зикр намуд, ки дар мактаб-интернати мазкур 100 нафар хонанда аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таҳсил мекунанд. З. Сафарзода ва Фотима Раҷабзода, мудири  бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳритуз бо тарбиятгирандагон суҳбати ошкору самимӣ намуда, аз хобгоҳу ошхонаи мактаб - интернат дидан намуданд. 

Тарбиятгирандагони мактаб- интернат аз ин амали хайр шоду масрур гашта, дар васфи Президент,Тоҷикистон, Ватан, ваҳдату субот шеърҳо қироат намуданд.

Тавре Фотима Раҷабзода иброз дошт, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд дар мадди назари эшон қарор дошта, онҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба оилаҳои камбизоат, шахсони якаву танҳо, ятимон кумакҳои яквақтаина мерасонанд.


«Сафо»
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019