Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

 
   Зане саросемавор аз таваллудхона берун омаду бо садои баланд аз ҷавоне шодиёна хост ва гуфт, ки ҳамсараш духтар ба дунё овард. Аммо бо шунидани ин хабар он ҷавон якбора андуҳгин шуда, бо ғазаб чанд мушт бар сари худ зад ва такрор ба такрор гуфт: «Охир духтурҳо гуфта буданд, ки писардор мешавӣ, на духтар…». Ба ҷойи хушҳолӣ аз атои Илоҳӣ, ки барояш дуюмин духтарчаи солимро ҳадя намуд, даст афшонду аз ҳавлии зоишгоҳ баромада рафт.

   Аз воқеаи болозикр бароямон аён шуд, ки дар кори духтурони ташхиси ултрасадо (УЗИ), ки таваллуд шудани писар ё духтарро пешгӯйи мекунанд, баъзан нобарорӣ низ сар мезадааст. Ҳолатҳое мешаванд, ки духтур дар ташхиси ултрасадо дар батни модар гӯё писар мебинад, аммо, баръакс, духтар ба дунё меояд. Маъмурҷон Мадмусоев, духтури ташхиси ултрасадо аз беморхонаи марказии шаҳри Бохтар, мегӯяд, ки ин ба фаҳмишу қобилият ва донишу таҷрибаи духтур вобаста аст, ки дар натиҷаи ташхис дар экрани таҷҳизоти муайянкунандаи ҷинс чиро мебинад, - писар ё духтар?

    Аксари табибон таваллуди писар ё духтарро ба фаъолияти хромосомаҳои зану мард рабт медиҳанд. Момодоя Зарафшон Усмонова бар он назар аст, ки таваллуди писар ё духтар асосан аз саломатии ҷинсии мард ва таркиби нутфаи ӯ вобастагӣ дорад. 

-Ҳамарӯза даҳҳо нафар ҳомиладорон барои ташхис ба мо муроҷиат мекунанд. Мо дар баробари бохабар шудан аз вазъи ҷанин ё кӯдаки таваллудшаванда дар батни модар ҳамчунин ҷинси онро низ муайян мекунем. Зеро аксарият ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки таваллуди писар ва духтар қариб, ки баробар аст. Аммо дар ҷараёни фаъолияти касбии худ бисёр медонем, ки аксарият писардор шудан мехоҳанд. Албатта, инро аксарияти духтурон хуб медонанд ва баъзеи онҳо бештар моили онанд, ки ташхис ҷинси таваллудшавандаро писар нишон диҳад, то муштариёни онҳо бештар гардад, - идома дод З. Усмонова. 

ОМОР

Тибқи иттилои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2023 дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят таваллуди 70 ҳазору 833 тифл ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 376 нафар зиёд мебошад. Таваллуди писар бошад, дар муқоиса ба духтар дар ҳамин давра 2 ҳазору 409 нафар зиёдмебошад.

Ду духтар дорӣ? Хуб ба воя расон, Худо хоҳад биҳиштиӣ!

   Мутаассифона, ҳанӯз дар ҷомеа касоне ёфт мешаванд, ки таваллуди писарро нисбат ба духтар авло медонанд. Писар доштанро як навъ ифтихор ва духтардор шуданро, баръакс ор мешуморанд. Ғофил аз он ки аз нигоҳи ислом доштани духтар ва ба воя расонидани ӯ, бас фазилате дорад, ки писар доштан он фазоилро доро намебошад. 

   Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Фарзандони духтарро нохуш надоред, зеро онон ҳамдамони гаронбаҳое ҳастанд». Дар ривоятҳо омадааст, ки рӯзе ба Паёмбар (с) мужда доданд, ки Худованд ба ӯ фарзанде духтар ато кард. Он гоҳ ҳазрат ба чеҳраҳои асҳобаш нигоҳ кард ва дид, ки онон нохушнуд шуданд. Фармуд: «Шуморо чӣ шудааст? Духтар гуле аст, ки онро мебӯям ва рӯзии он бар Худованди азза ва ҷалла аст».

   Дар ҳадиси шарифи дигаре паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Духтарон дилсӯз, мададгор ва бобаракатанд. Ҳар кас як духтар дошта бошад, Худованд ӯро пӯшише аз дӯзах қарор медиҳад ва ҳар нафаре ду духтар дошта бошад, ба хотири онон вориди биҳишт шавад ва ҳар касе се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳабӣ аз гардани ӯ бардошта мешавад».

   Имом Содиқ (р) дар ривоят мефармояд: «Писарҳо неъматанд ва духтарҳо некӣ. Фардо рӯзи қиёмат Худованд аз бандагонаш дар бораи неъматҳое, ки бар онон арзонӣ кардааст, суол мекунад, аммо бар он некиҳое, ки насибаш, намудааст подош хоҳад дод».

Чӣ таваллуд шуд, духтар ё писар? Албатта, ки «шери нар»! 
 
   Исматуллои Карим, ҷавон аз ноҳияи Кӯшониён мегӯяд, ки ӯ соҳиби се духтарчаи нозанин аст ва онҳоро бо ҷону дил дӯст медорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҷавононе, ки писар доранд, аз он фахр намуда, баъзан ба духтардорон ситеза низ мекунанд. Ин афрод тавре сухан мегӯянд, ки гӯё таваллуди духтар ва ё писар аз мард вобаста аст. Ҳатто инро ба тавонмандии ҷинсии шавҳар низ рабт медиҳанд.

   Аминҷони Бахтиёр, ҷавон аз шаҳри Бохтар, як воқеаи аҷиб нақл кард: «Чанде пеш ба ман мужда расид, ки ҳамкурсам фарзанддор шудааст. Ман даррав ба вай занг зада, ба ин муносибат ӯро табрик намудам ва пурсидам: Соҳиби писар шудӣ ё духтар? ӯ дар посух бо оҳанги ғурур ба ман гуфт: «Мо мисли ту суст нестем, дӯстам, «шери нар» ба дунё омад, «шери нар!». Ростӣ, аз посухи ҳамкурсам ҳам хурсанд шудам, ки фарзанддор шудааст ва ҳам хафа, зеро, ки ба дили мани духтардор бо заҳрхандааш мисли тири камон зад».

   Зане аз шаҳри Бохтар, ки нахост номаш зикр шавад, бо ашки сӯзон гуфт: «13 сол мешавад, ки бо ҳамсарам зиндагии тинҷу осуда дорам. Аммо то ҳол Худованд бароямон ато арзонӣ накард. Ҳама ҷо рафтам. На духтур монду на мулло, на мазору на оромгоҳи бугургон. Вале натиҷа надод. Дигар илоҷе надорем. Шабу рӯз ба даргоҳи Илоҳӣ дуо мекунем, ки ба мо низ фарзанд бидиҳад, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар»…

- Панҷ сол қабл оиладор шудам, - нақл кард М. Амонов, ҷавон аз шаҳри Душанбе. - Духтарчаи калониам соли 2012 ба дунё омад. Падару модарам хурсанд шуданд, ки наберадор шуданд. Аммо вақте ки соли гузашта духтарчаи дуюмам ба дунё омад, волидайнам аз он чандон шод нашуданд. Падарам ба ҷойи истиқболи тифл гуфт, ки «бачам, акнун ҳаракат кун, ки сеюмаш писар шавад, мон акнун духтарро, бас, писардор шав!». Бубинед на танҳо ҷавонон балки волидайн низ ба писарбача афзалят медиҳанд.

   Алиҷон Бобоҷонов, марди солманд, бо шукргузорӣ аз ҳафт духтараш мегӯяд, ки духтар ба падар меҳрубонтар аст. «Ду писар дорам, ки аз пайи зиндагониашон шуда, гоҳ-гоҳ базӯр ба аёдатам меоянд. Аммо ҳафт духтарам ҳамеша ғами маро мехӯранду аз ҳолам бохабаранд. Агар бемор шавам, пеш аз ҳама, он ҳафт духтарам гирди бистарам чарх мезананду бо меҳрубонӣ ба дардам даво меҷӯянд».

Хулоса

Албатта, таваллуди ҳам писар ва ҳам духтар ба ҳар як оила баракат меорад ва ҳарду давомдиҳандаи насли одамӣ мебошанд. Писар доштан хуб аст. Аммо духтар низ фарзанд асту неъмати Офаридгор. Муҳим он аст, ки фарзанд солим ба дунё ояду Яздони пок ботинашро зебо гардонида бошад ва волидайн ӯро тарбияи хуб диҳанд. Барҳақ гуфтаанд, ки:

Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Па пешаш сад писар муҳтоҷ гардад. 

Амонҷон МАҲКАМОВ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.
Добавить комментарий