ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ БЕШТАР МЕГАРДАД

    Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар дар баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон саҳми муносиб дошта, мутахассисони соҳаро мувофиқ ба талаботи замон омода менамояд.


Муассиса дорои се кафедра буда, яке аз онҳо кафедраи методикаи фанҳои табиӣ- риёзӣ мебошад. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, маъмурияти донишкада нақша-чорабиниҳо тарҳрезӣ намуда, воситаҳои муосири таълимӣ, аз ҷумла проектору тахтаҳои электрониро барои омӯзгорон муҳайё намуда истодаанд. Ҳамчунин онҳо таваҷҷуҳашонро ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар намуда, тасмим гирифтаанд, ки минбаъд омӯзгорони фанҳои зикргардидаро ҳарчи бештар ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб намоянд.

Тибқи иттилои соли сипаригардида, аз тарафи донишкада 183 курси такмили ихтисос бо фарогирии 4600 нафар шунавандагон ва 50 семинари мақсаднок бо иштироки 333 нафар кормандони соҳаи маориф ташкил ва баргузор карда шудааст. Бар замми ин ҷиҳати иштирок дар дарсҳои амалии омӯзгорони ботаҷриба, шунавандагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои маркази вилоят сафарбар гардида, онҳо малакаи касбии хешро ғанӣ месозанд. Ҳамчунин бо мақсади тақвияти раванди бозомӯзӣ ва таъмини ҷолибияти машғулиятҳо дар курсҳои омӯзишӣ омӯзгорони баландихтисос, номзадони илм, докторон ва профессорон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб гардида, онҳо бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва самарабахши худ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дарс меомӯзанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳояшон бармеояд, дар кафедраи методикаи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии муассисаи мазкур дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ба ғайр аз курси такмили ихтисос ҳар ҳафта дар рӯзҳои муайян  омӯзиши забоҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз тарафи устодон ва кормандони муассиса дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар семинарҳои мақсаднок барпо карда шуда, даҳҳо нафар омӯзгорони ҷавон такмили ихтисос намудаанд. Имсол бошад шуруъ аз аввали моҳи январ дар Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар омӯзишҳо оғоз кардида, 250 нафар муаллимон аз шаҳру навоҳии вилоят ба дарсҳо фаро гирифта шудаанд. Дар миёни ин таълимгирандагон Фотима Шарипова, куҳансолтарин омӯзгор аз ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки ҳарчанд синаш ба ҳафтод расидаасту таҷрибаи бисёрсола дорад, вале ба ин нигоҳ накарда барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба донишкада омадааст. Ин омӯзгори оқилу доно мегӯяд, ки инсон ҳамеша ба донишомӯзӣ ниёз дорад ва бояд пайваста аз болои худ кор кунад.

Дар Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар шунавандагоне (омӯзгорон), ки аз навоҳии дур барои иштирок дар омӯзишҳо меоянд, бо хобгоҳ таъмин карда шуда, шароити лозимаи буду бош ба онҳо муҳайё карда мешавад. 

Бояд гуфт, ки дар муассисаи болозикр китобхонаи дохилӣ низ фаъолият мекунад ва аз адабиёти он кормандону омӯзгорон дар рафти таълим васеъ истифода менамоянд. Сарвари давлат низ дар Паёми имсола бори дигар оид ба китобу китобхонӣ таъкидҳо карда, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисароҳо муваззаф намуданд, ки дар ҷойи кории худ китобхонаҳои дохилиидоравиро таъсис дода, онро бо адабиёти бадеъию фаннӣ таъмин созанд. Бо ҳамин мақсад роҳбарияти донишкада яке аз аввалинҳо шуда, беҳтарин адабиёти бачагона ва бадеъиро, ки дар рафти омӯзиш барои омӯзгорон зарур мебошад, ба китобхонаи муассиса ворид намуданд. 


М. Амонҷон
Добавить комментарий