ҲАМОИШИ ЗАНОНИ ПЕШОҲАНГ
20 сол қабл 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд. Ин иқдомоти Роҳбарияти олии кишвар минбаъд дар баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, фаъолгардонии бонувону модарон нақши муассир бозид. Занону бонувон дар баробари рисолати муқаддаси модари ҳамчун неруи созанда дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар саҳми бориз доранд. Феълан 49, 7 дарсади аҳолии вилояти Хатлонро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 6 ҳазору 586 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1000 нафар зиёд аст.
Бахшида ба 20-умин солгарди қабули Фармони мазкур дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар нахустин Форуми занони сарвар таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи занон» доир гардид. Дар кори он занони сарвар аз 25 шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози Форум дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашт. Ба маърази тамошо маҳсули дасти бонувони ҳунарманди вилоят гузошта шуда буд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо гурӯҳи занони фаъолу собиқадор Саодат Амиршоева - аввалин генералзани тоҷик, Латофат Шарипова - собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, Гавҳарбӣ Пиракова - Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Зайнура Мӯсоева - депутати Совети Олии СССР, Латофат Сироҷева - омӯзгори собиқадор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Тӯтихон Назарова - раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар, Табассум Тағоева - доктори илмҳои филология, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат намуда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирокчиёни Форумро ба муносибати 20-солагии Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» табрик гуфта, саҳми занонро дар ободиву рушди вилоят назаррас арзёбӣ намуд.
- Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар ҷараёни ниҳоят ҳассоси баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз матонату қавиазмии занон низ нақши шоиста дорад,- иброз дошт раиси вилоят.
Зикр гардид, ки қабул гаштани фармони таърихӣ такони бузург дар самти тақвияти сиёсати гендерӣ дар кишвар гардида, роҳро дар масири сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушоду фарох гардонид. Дар ин давра ба арсаи сиёсатзанону сиёсатмадор, ба монанди собиқ муовинони раиси вилоят Турсуной Алимардонова, Латофат Шарипова, Руқия Қурбонова, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Шерзода Ситора, Тоҷинисо Маҳмадова, Махфират Хидирзода, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба монанди Раъно Каримова, Муҳаббат Файзова, Раҳимзода Раъно, Маърифат Зоирзода, Зарина Давлатзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Фирӯза Шарифӣ , Умеда Собирзода, Асалмо Сафарова, Офоқ Қодириён, Нуринисо Муртазоева ва даҳҳо нафарони дигар ворид гардиданд, ки бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳм гузошта омаданд.
Вобаста ба нақшу мақоми занон дар ҷомеа, нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон, Квотаи президентӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», Афсона Амирзода, донишҷӯи бахши дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав, Умеда Хайруллоева, муовини директори силсиланеругоҳҳои барқии обии Вахш, Ҳанифа Шокирова, Офоқи Қодириён дар дигарон андешаронӣ намуданд.
Як қатор фаъолзанону бонувон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Санъаткорони вилоят бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокчиёни форумро болида гардониданд.