ТАМКИНИ ТУ БУД, КИ МО ВАТАНДОР ШУДЕМ
Хушбахтем, ки зодаи чунин як кишвари биҳиштосоем, ки номаш Тоҷикистон аст. Назди ватани соҳибистиқлоламон, ки аз обу гилу ҳавою офтобу моҳтобаш баҳра бурда, нону намакаш бузургамон кардааст, миннатгузорем.
Аз қаҳрамонони ғаюру номбардору сарбаландаш аз фахр дар худ намеғунҷем, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Чун аз боди сабо Парчами миллат дар болои кунгураи Қасри миллат парафшонӣ менамояд, диламон ба парвоз меояд, зеро дар фазои сулҳу оромӣ ҳаёти ҷавонии мо хушбахтона гузашта истодааст.
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон аст. Аз оғози ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мустаҳкамии истиқлолият маҳаки асосии ваҳдати миллӣ дониста мешуд.
Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз барои ҳамаи ҷавонони мамлакат беҳтарин шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонони имрӯза дар фазои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ озодона таълим мегиранд, забон меомӯзанд, ихтироъ мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузоранд. Бо иқдомҳои роҳнамоёна бунёди кохи бебаҳои сулҳу дӯстӣ ва истиқлолият, ки ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, кишвари мо бо пирӯзиҳо ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод равона аст.
Феълан, бо заҳматҳо ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар тамоми гӯшаю канори мамлакат рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза ёфта истодааст. Бунёди иншоотҳои наву замонавӣ, ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ташкили љойҳои нави корӣ дар беҳбудӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии омма нақши созгор дорад.
Иқдомҳои созандаву ватандӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавононро ба ояндаи нек боз ҳам умеди тоза бахшид. Зеро ҳар як дастуру супоришҳояшон ба ояндаи ҷавонон роҳи дурахшони фардоро мекушояд.
Ба истифода супоридани як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, ободу зебо гаштани кӯчаю маҳаллаҳо, ҷалби ҷавонон ба кору таҳсил дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки солҳои сол беҳбудиро металабид ва орзуи мардуми кӯҳистон буд, хушбахтона амалӣ гашт.
Дар ҷавоби ин ҳама рушду пешрафт, ғамхории Сарвари давлат мо, ҷавонон, ҳамагуна амалҳои ноҷавонмардонаву ғаразҷӯёнаи хиёнатпешагони миллатро қотеона маҳкум менамоем. Ифтихор аз он мекунем, ки соҳиби имону инсоф будан ба маънии қудсии Модар-Ватан ва арзишҳои баланди нотакрори олии инсонӣ расиданро аз Пешвои миллат омӯхтаем. Мефахрем, ки болои сар чун Эмомалӣ Раҳмон Сарвари хирадманд, ғамхору дилсӯз ва ояндасози миллат дорем. Мо, љавонон, таманнои онро дорем, ки чун кӯҳи бузург шоҳсутуни ин миллати тоҷдор ҳамеша мутаккову Сарвар бимонед, зеро тамкини шумо сабақомӯзи роҳи ҷавонон аст.
Ҳамду сано бар шумо,
Эй бахти миллати мо.
Эй бахти халқи тоҷик,
Эй шаъну шуҳрати мо.
Самандар БАҲРОМЗОДА, ноҳияи Балҷувон,