Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Шоми дирӯз, 5 ноябр, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши идона ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ таъкид намуд, ки Конститутсия дар ҳама давру замон таҷассумгари арзишҳои миллии давлату миллат мебошад.
- Ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоем, ҳуқуқҳои худро донем ва нагузорем, ки касе онҳоро сарфи назар намояд, чунки донистани қонун ва зистан дар доираи қонун, дар ҷамъият, ниҳоят муҳим мебошад, - зикр кард Қурбон Ҳакимзода.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 на ҳамчун як ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ, балки чун Қонуни асосии кишвар, санади созишии байни манфиатҳои гуногуни дар ҷомеа мавҷудбуда қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз намудаанд: “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум низоми давлатдориро муайян ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин намуда, он нахустин Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид”.
Ба қавли раиси вилоят, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари мустаҳкам гардидани сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ, дар вилоятамон сол то сол корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат пайдо намуда, даҳҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ барқарор ва аз нав сохта шуданд.
Пас аз қисмати тантанавии ҷамъомад аҳли ҳунари вилоят барномаи рангини консертии худро тақдими иштирокдорони ҳамоиш карданд.

Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ