Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқбол аз Истиқлол
Дастовардҳои солҳои охири кишвар, навгониву навсозиҳо ва аз лиҳози рушду пешрафт ва роҳандозӣ намудани ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ қарор гирифтани Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозии ҳар нафар тоҷику тоҷикистонист.
Ҳадафҳои бузурги ояндасозӣ ба мисоли суръат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва рӯи кор омадани даҳҳо ташаббусҳои наҷиб аз фазои сулҳу осоиштагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум дарак медиҳанд, ки ин ҳама муваффақияту саодатмандӣ аз неъматҳои даврони истиқлоли кишвар арзёбӣ мегардад. Баракати ҳамин дастоварди арзишманду таърихист, ки мо дар ҷодаи ватансозӣ гомҳои устувор гузошта, ба натиҷаҳои бузург ноил гашта истодаем.
Даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави ободкорӣ дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон арзёбӣ гардида, аз ҷумла, дар ин шабу рӯз дар саросари хитаи Хатлон мардум бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин росто дар доираи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди ҳазорон иншооти гуногуни хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ҷалби шарикони рушд ба бунёдгузории иншооти муҳими хизматрасонӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои азим, ҳамзамон бо ташаббуси соҳибкорону шаҳрвандони меҳандӯст сохтмони садҳо иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад. Маврид ба ёдоварист, ки иқдомҳои ояндасози ободонӣ, ки дар саросари кишварамон бо маром идома дорад, аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияту асолати миллист, ки дар меҳвари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва даъват ба корҳои хайру савоб, созандагию бунёдкорӣ боиси руҳбаландии мардуми заҳматқарину сарбаланди кишварамон гардида, имрӯз пиру барно бо нишони ҳамовозӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри расидан ба ҳадафҳо камари ҳиммат бастаанд. Тавре ки Пешвои миллат зикр намуданд: “Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад”.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои пуршукӯҳи кишварамон дар ин шабу рӯз дар вилояти Хатлон ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, чорабинии фарҳангӣ-фароғатии таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардида истодааст. Чорабинии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, шуруъ аз 16-уми июл то 6-уми сентябр дар назди Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ гузаронида мешавад. Дарвоқеъ, имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар дар баробари вусъати корҳои ободонӣ ҳар шомгоҳон бо шукргузорӣ аз тинҷиву осудагӣ дар ин гуна ҷамъомаду ҳамоишҳои идона иштирок намуда, аз чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ баҳравар мегарданд.
Ҳамчунин, то санаи фархундаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 9-уми сентябр дар марказҳои маъмурии тамоми шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои идона баргузор мегардад, то сокинони тамоми шаҳраку деҳоти кишвар имкони иштирок ва баҳрамандӣ аз чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатиро дошта бошанд.
Ҳамин сон, мардуми хушбахту саодатёри ин сарзамини хуррамдиёр бо ифтихору сарбаландӣ ҷашнҳои фархундаи меҳани худро дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуда, шукронаи онро доранд, ки дар пайравӣ аз ҳидоятҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллии хеш ноил гардида истодаанд.
Латофат Мирзосаид
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



