Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
10 мар 08:42Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ
Фасли гул

Лолаву абзу себарга қатор аст, биё !
Оҳ, ман сер шудам бе гули рӯят зи ҷаҳон,
Як чаман хандаи гул бар ту нисор аст, биё!
Ғунча бо ғунчаву гул бо гулу себарга ба ҷӯ
Аз туву ишқи ту дар гуфтугузор аст, биё!
Аз раҳи дур парафшону парешонгесӯ
Беди маҷнуни сарафганда фигор аст, биё!
Раъд ғуррандаю оташ ба дили барқ ниҳон,
Ба тамошои ту ду дидаи чор аст, биё!
Фасли гулҷӯши табиат ҳама ҷо механдад,
Дар чаман мағчаи гул чашми нигор аст, биё!
Хандаи лолаарӯсак бубарад дидаву дил,
Баски ҳамранги гули чеҳраи ёр аст, биё!
Гул шукуфтасту чаман ранги ҳиноӣ дорад,
Фасли гулбазм ба овои ҳазор аст, биё!
Сафар Амирхон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
61 КУДАКИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД ДОШТА СОҲИБИ АРОБАЧА ГАШТ
ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
БУНЁДИ 71 ИНШООТ ДАР ЛЕВАКАНТ
БУНЁДИ ҲАФТ ИНШООТ ДАР ЧОР МОҲ
ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БУЛҒОРӢ ДАР ВАХШ
Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
ДАСТОВАРДИ ХУБИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ
ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ
ҚУРОҚДӮЗӢ ҲУНАРИ ҚАДИМИСТ
Аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шуд