Бонувонро ҷасорату иродаи матин бояд

Новобаста ба сарбориҳои коргоҳу дигар вазифаву масъулиятҳои оилавӣ модари Гуландом,
ки дастпарвари мактаб-интернат буд, 
ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, 
рафти илму донишандӯзӣ ва машғулиятҳои 
хонагии фарзандонро қатъӣ назорат мекард. 
Тавре мухотаби матлаб иқрор меояд, боре аз 
барои каҷ доштани алам ончунон аз модар сарзаниш шунида буд, ки то кунун аз хотираш
зудуда нагардидааст.Овони мактабхонӣ ба хотири ҷалби ҷавононба муассисаҳои хориҷ аз кишвар ҳар сари вақт аз Россияву дигар ҷумҳуризои бародар ба муассисаҳои таълимӣ меҳмонон ташриф оварда, бо мактаббачагон суҳбатҳои хотирмоне доир мекарданд. Баъди ташрифи яке аз ин гуна гурӯҳҳои таблиғотӣ Гуландом, ки дар синфи 9-ум таҳсил дошт, барои дохил шудан ба яке аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия майлу мароқи беандоза пайдо кард. 
Аммо модар, ки дар таълиму тарбияи фарзандон
аз падару устодони таълимиаш бештар
таъсиргузор буд, розӣ нашуд, ки духтари 
донишдӯсташ барои идомаи таҳсилоти олӣ ба шаҳри Москав раҳсипор гардад. Гарчанде модар монеи сафарам ба Москав гардид, то таҳсилро дар муассисаи олии хориҷ аз кишвар идома диҳам, вале итоат ба хостаҳои ӯро ҳам амри тақдир дониста, назди худ азм гузоштам, ки ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ҳуҷҷат супорам, - иброз дошт дар оғози суҳбат Гуландом Азимзода. – Дар он давра барои бонувон мутахассиси соҳаи саноат шудан саҳлу осон набуд, ки дар ин ҷода теъдоди ҷинси латиф ангуштшумор буда, дар вазифаҳои роҳбарии риштаи иқтисоду саноати истеҳсолӣ ҳузури бонувон умуман ба назар намерасид.Дар баробари таҳсилоти оливу такмили ихтисос, аз вазифаи мутахассиси ташхисгоҳи Фабрикаи ресандагии имрӯза шаҳри Бохтар то сардори ташхисгоҳ, сармуҳандис, ҷонишини директор оид ба масъалаҳои техникии ҶСК«Ресанда», вазифаҳои роҳбарикунандаи Маркази ҳамоҳангсозӣ ва маркетинги Вазорати саноат дар вилояти Хатлон, муовини раиси 
Кумитаи оид ба корҳои саноати Мақомоти 
иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон собиқаи касбӣ андухта, соли 2006 донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис, технолог -механик хатм менамояд. Баъдан, давоми як сол мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва солҳои 2007 - 2009 ба симати муовини раиси ноҳияи Шаҳритус оид ба иҷтимоиёт ва маънавиёт кору фаъолият кардааст.
Ба гуфтаи Гуландом Азимзода, барои занмодар,ки чароғи хонадону тарбиятгари наслиояндаи башар мебошад, пойдории оилаи солим, дарёфти вақту фурсат барои тарбияву нигоҳубини фарзандон, тозагиву таъмини муҳити созандаву солим дар оила, таҳия ва назорати реҷаи машғулиятҳои рӯзонаи фарзандон дар мадди аввал меистад. Бинобар ин, муҳим нест, ки занон танҳо ба хотири таъмини баробарии гендерӣ ноомода ва 
бидуни собиқаи корӣ вазифаҳои роњбариро 
ишғол намоянд. Баръакс, занону духтарони лаёқатманд дар раванди татбиқи барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории 
кадрҳо аз ҳисоби бонувон, бояд дар 
фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва арсаи сиёсат хуб тарбияву обутоб ёбанд. Зеро бидуни илму донишандӯзии дақиқ, аз бар намудани маҳорати кор ва таҷрибаи пешқадами собиқадорону 
пешоҳангони соҳаи фаъолият кадрҳои ҷавон дар зинаҳои роҳбарӣ муваффақ шуда наметавонанд.Баъдан, бонувонро ҷасорату 
иродаи қавӣ мебояд, то аз шароиту
имкониятҳои бароямон фароҳам 
овардаи Пешвои муаззами миллат
самаранок истифода бурда, дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҷидду Ҷаҳди бештар дошта бошем. Тибқи омори расмӣ дар сатҳи Ҷумҳурӣ ҳузури занон дар соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ 23,9 дарсад, аз ҷумла, дар ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда 18,7 
дарсадро дар бар мегирад. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон 27,7 фоиз ва дар мансабҳои роҳбарикунанда 17,9 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нест. «Бояд ошкоро иқрор шуд, 
ки дар бештари шаҳру ноҳияҳои 
вилоят Квотаҳои президентӣ барои 
таҳсили ҷавондухтарони деҳот дар муассисаҳои олии кишвар самаранок истифода бурда намешавад. Аз ин рӯ, фаъолияти назоратиро дар ин самт тақвият бахшида, бояд бурҳои таълимӣ барои нафароне нигаронида шавад, ки дар оянда фаъолияти касбии худро дар ноҳияи зисти худ идома медиҳанд»- мегӯяд Гуландом Азимзода.
- Умуман, татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи 
роҳбарияти олии мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пеш аз 
ҳама, аз завқу иродаи худи бонувон вобастагӣ 
дорад. Дар баробари садоқат ба халқу Ватан, шукргузорӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳам гардида ҷиҳати баланд бардоштани ҷойгоҳи 
зан дар ҷомеа мо, бонувони дастпарварони 
мактаби сиёсии Пешвои миллатро мебояд, 
ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаамон
Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошем. Тавре ки бузургонамон фармудаанд; 
«Зан бо як даст гаҳвора, бо ду даст дунёро меҷунбонад».Шахсан дар партави ҳамин шиори аз 
модарону бибиҳо мерос гирифтаам, ҳаёту фаъолият бинмуда, то имрӯз ба ҳама орзуву
Ҳадафҳои худ расидаам. Се писарро 
дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарварӣ ба 
воя расонидаам, ки имрӯз бо дуои модари 
90 солаам яке дар соҳаи бонкдорӣ, дувумӣ
дар Гаврдияи миллӣ ва писари севумӣ ба 
Ҳайси сарвари Маркази маъюбони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият доранд. Монои
дигар модарони Тоҷикистон умедворам, 
ки фарзандону наберагонам аз имрӯзу дар оянда, бо сидқу вафодорӣ ба халқу Ватан номбардори падару модари худ мегарданд, бо ифтихормандӣ изҳор медорад Гуландом 
Азимзода.
                
                                     Ю. ҶАМОЛ
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий