Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МОЛИЯЧИЁН ДАР МАСЪУЛИЯТАШОН УСТУВОРАНД

Сарраёсати молияи вилоят дар фаъолияти худ низоми иттилоотии идораи молияи давлатиро ба роҳ монда, бо истифодаи технологияи рақамӣ сареъият ва сифати корро беҳтар намудааст. Тавре, ки аз маълумотҳо бармеояд бо дарназардошти рушди иқтисодии вилоят иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар 11 моҳи соли 2022 аз рӯи контингенти умумӣ ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1509,6 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда, 1557,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва сифатнокии намудҳои андоз дар давраи сипаригашта пурра таъмин гардида, кор дар ин самт ҳамеша бомасъулиятона анҷом дода мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ бо назардошти хароҷоти дохилӣ 107 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми воридоти ин маблағҳо ба 417,0 миллион сомонӣ баробар мебошад, ки дар қиёс ба дурнамои пешбинишуда 26,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет роҳандозӣ гардида, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо дар давраи ҳисоботӣ қариб 100 фоизро ташкил медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки 87,6 фоизи маблағҳои буҷа дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, ки ин аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбат ба некуаҳволии халқ дарак медиҳад. Тавре дар суҳбат кормандони Сарраёсати молияи вилоят иброз доштанд, онҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки пеш аз ҳама музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳоро пардохт намуда, пеши роҳи қарздориро дар ин самт гиранд.
Ҳамчунин роҳбарияти мақомоти молия дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти самарабахш, ҳамчунин, ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар доираи тадбирҳои бунёдкории ҷашнӣ бинои Сарраёсат пурра таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Тибқи иттилоъ имсол бинои маъмурии Раёсати молияи ноҳияи Фархор бунёд шуда, айни ҳол сохтмони бинои кории замонавӣ дар шаҳри Левакант идома дорад. Ҳамчунин дар давоми соли сипаригардида иддае аз раёсату идораҳои молия дар шаҳру навоҳии вилоят аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз ҷумла Раёсати молияи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ пурра таъмир гардида, барои фаъолияти натиҷабахши кормандон шароити созгор муҳайё гардидааст.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор