Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶОЙИ 2 НАСИБИ АҲЛИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТ ШУД
Аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ширкат варзида, соҳиби ҷойи 2-юм гардиданд,-дар ин бора ба маҷаллаи "Сафо" Отахон Саидов, директори театри мазкур хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳунармандони театри вилоят, бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" дар ин фестивал ширкат кардаю миёни дигар театрҳои ҷумҳурӣ мақоми 2-юмро касб намуданд.
Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода омода гаштааст.

Ёдовар намудан ба маврид аст, ки ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бо ширкат кардан дар ин фестивал, соли 2019 ҷойи сеюм, соли 2021 соҳиби ҷойи дуюм гашта буданд.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо