Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
27 апр 14:52Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ
СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОҒОЗ ГАРДИД
Ҳудуди як ҳафта мешавад, ки боғдорони ноҳияи Қубодиён ба ҷамъоварию содироти зардолу оғоз намудаанд.

То имрӯз аллакай наздик ба 30 тонна ҳосили ин навъи меваро хориҷ аз кишвар - Русияю Қазоқистон ва Беларус соҳибкорон интиқол додаанд.
Боғдорон як килограмм ҳосили зардолуро 3-5 сомонӣ бо нархи яклухт аз сари замин ба соҳибкорон супорида истодаанд.
Дар ин шабу рӯз мошинҳои калони боркаш яке пайи дигаре дар навбат истода, ҳосили ҷамъоваришударо баъд аз банду баст боғдорону соҳибкорон содирот намуда истодаанд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Ислом, директори КВД "Ниҳолпарвар"-и ноҳияи Қубодиён, дар 37 гектар боғи зардолуи корхона, 4 навъи ин мевагӣ парвариш мешавад. Навъҳои зардолубоғи онҳо асосан барои содирот нигаронида
шуда, ҳамасола охири моҳи апрел пухта мерасад.
- Имсол, ки ҳаво нисбатан сард омад, ҷамъоварии зардолу каме ба таъхир афтод,- мегӯяд ӯ. - Мо аз 45 тонна нақшаи пешбинишуда аллакай 20 тоннаи онро ҷамъоварӣ кардем ва ҳафтаҳои оянда содироти олуро низ оғоз менамоем, - иттилоъ дод манбаъ.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД 14:25ОМӮЗИШИ РОБОТОТЕХНИКА БА РОҲ МОНДА ШУД 14:22БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД? 14:00ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД 15:51БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД 14:07МОДАР 15:16Оё мо воқеан хубем? 15:13ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН 15:08
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Оё мо воқеан хубем?



