Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Семинар – машварати вилоятӣ баргузор гардид



Дар қисми назариявии ин ҳамоиш сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодом баромад карда, масъалаҳои ба ин соҳа алоқамандро ёдоварӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки имрӯзҳо бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бар зидди ин ҳашароти зараррасон корро оғоз бояд кард ва тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар баромади хеш гуфт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барзгарони он ҳамасола яке аз аввалинҳо шуда, маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои дохил ва берун аз ҷумҳурӣ ворид менамоянд. Мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ дар афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии нобудшавии маҳсулотҳо заминагузорӣ менамояд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба ҷамъбасти семинар-машварат вобаста ба соҳаи кишоварзӣ андешаронӣ карда, аз масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват ба амал овард, ки дастуру супоришҳои бар зиммаашон бударо бечунучаро иҷро намоянд.
Дар фарҷоми ин семинар - машварат муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло бо баромади таҳлилӣ аз вазъи кишту кори баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти картошка ва вусъати корҳои саҳроӣ ба иштирокдорон маълумот дод.
Номбурда раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳаи кишоварзӣ ва раисони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати љумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даъват кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
61 КУДАКИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД ДОШТА СОҲИБИ АРОБАЧА ГАШТ
ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
БУНЁДИ 71 ИНШООТ ДАР ЛЕВАКАНТ
БУНЁДИ ҲАФТ ИНШООТ ДАР ЧОР МОҲ
ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БУЛҒОРӢ ДАР ВАХШ
Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
ДАСТОВАРДИ ХУБИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ
ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ
ҚУРОҚДӮЗӢ ҲУНАРИ ҚАДИМИСТ
Аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шуд