Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Вохӯриҳои судманди раиси вилояти Хатлон

Дар ин мулоқот имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иҷтимоию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Давлаталӣ Саид бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити судманду самарабахши бисёрсола қайд кард, ки имсол 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд. Ӯ гуфт: “Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббуси ҷаҳониро дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ карда, ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои он, аз ҷумла UNOPS тақвият медиҳад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонидааст.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Эрик Лебедел — кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кард.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонидааст.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баррасӣ шуд.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
61 КУДАКИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД ДОШТА СОҲИБИ АРОБАЧА ГАШТ
ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
БУНЁДИ 71 ИНШООТ ДАР ЛЕВАКАНТ
БУНЁДИ ҲАФТ ИНШООТ ДАР ЧОР МОҲ
ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БУЛҒОРӢ ДАР ВАХШ
Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
ДАСТОВАРДИ ХУБИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ
ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ
ҚУРОҚДӮЗӢ ҲУНАРИ ҚАДИМИСТ
Аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шуд