Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭЪМОРИ ЗИЁДА АЗ 6200 ИНШООТ

Ӯ қайд кард, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар соли 2022 ба 33,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2021-ум 8,1 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 54 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 60,8 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 188,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2454,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 2116,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 87,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Дар вилоят 41 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар вилоят 61 ҳазору 935 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918,3 ҳазор сомонӣ расонида шуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 6,7 фоиз зиёд мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10,6 миллиард сомонӣ расида, нисбати соли 2021-ум 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Рӯзноманигрон вобаста ба омори барзиёди истеҳсоли картошка, тахриб шудани бинои собиқи театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, мушкилоти чор оилаи ноҳияи Кӯшониён, хушкшавии ниҳолҳое, ки ҳамасола шинонида мешаванд, норасоии омӯзгорон, вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ, вазъи муассисаҳои томактабӣ, сохташавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маҳали аҳолинишин ва бунёди хонаи матбуот дар ҳудуди вилоят ба муовини аввали раиси вилоят суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
61 КУДАКИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД ДОШТА СОҲИБИ АРОБАЧА ГАШТ
ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
БУНЁДИ 71 ИНШООТ ДАР ЛЕВАКАНТ
БУНЁДИ ҲАФТ ИНШООТ ДАР ЧОР МОҲ
ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БУЛҒОРӢ ДАР ВАХШ
Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
ДАСТОВАРДИ ХУБИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ
ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ
ҚУРОҚДӮЗӢ ҲУНАРИ ҚАДИМИСТ
Аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шуд