Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳашт маркази хизматрасонии нав кушода шуд

Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадов зикр кард.
Номбурда афзуд, ки теъдоди марказҳои хизматрасонӣ дар минтақа ба 306 адад расида, дар онҳо 224 адад хазина оид ба мубодилаи асъор фаъолият менамояд.
Гуфта шуд, ки теъдоди банкомат ва постерминалҳо дар ин давра ба 778 адад расида, 244- тои он банкомат ва 532 адади дигар постерминалҳо мебошанд.
-Шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар соли 2022 ба 687,7 ҳазор нафар расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 21,7 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Фирдавс Самадов.
Аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар давоми соли 2022 барои таъмини саривақтии мизоҷон бо пули нақд ба воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ пули нақд дода шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор