Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди бинои шуъбаи маориф дар Дӯстӣ

Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи болозикр Шаҳноза Маҳмадсаидзода иншоот аз се ошёна иборат буда, бо харҷи се миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум ба охир расида, дар қисматҳои дигари он бомаром идома дорад ва барои босифат иҷро намудани кор беҳтарин мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Сохтмон моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз шуда, соли оянда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки то инҷониб кормандони шуъбаи маориф дар бинои ҷамоати шаҳраки ноҳия иҷоранишин буданд ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шароити корӣ барои онҳо хуб хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор