Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истеҳсоли аввалин телефони мобилӣ дар Тоҷикистон

Тавре директори ширкати “Ориён электронӣ” Даниел Ҳусейнӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иттилоъ додааст, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар лавозимоти лозимии телефон аз Тайланд, Корея, Чин ва Тайван оварда шуда, дар шаҳри Душанбе васлу насб карда мешаванд.
Ӯ гуфтааст, ки телефони мобилии ватанӣ айни замон дар марказҳои савдои Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва “Садбарг” ба фурӯш гузошта шудааст ва оянда дар дигар минтақаҳои кишвар низ фурӯши он ба роҳ монда мешавад.
Телефон дар заминаи низоми амалиётии Java бо хотираи насбшудаи 100 мегабайт истеҳсол мешавад. Ба он метавон 32 гигабайит флеш-хотираи иловагӣ насб намуд.
Дорои камераи 1,3 мегапиксел аст. Бо ёрии ин телефон бидуни пайвасти лавозимот ва интернет метавон радио гӯш кард.
Гузашта аз ин, телефонҳои одии муосири тугмадор дорои қувваи стандартии 800 mAh мебошанд, ки имкон медиҳад телефонро тақрибан 2-3 рӯз истифода кард, Vira бошад, 1200 mAh дорад, ки имкон медиҳад бидуни пуркунии иловагӣ (зарядка), онро тақрибан 4-5 рӯз истифода бурд.
Стандарти алоқа: 2G то 1900 mhZ (мегагертс)-и басомад.
Интерфейс ва низоми амалиётии телефон бо 4 забон - англисӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ сохта шудааст, чунки минбаъд ширкат ният дорад, ки содироти маҳсулоти худро ба роҳ монда, ба дигар бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбад. Дар муқоиса бо аксари телефонҳои сенсорӣ, ки дар ҳарорати паст хомӯш мешаванд ё аз кор мебароянд, Vira-и ватанӣ ҳатто дар ҳарорати -30 дараҷа дуруст кор мекунад.
Дар забони форсӣ калимаи “виро” (Vira) синоними калимаи зирак буда, ёдгирандаи ҳушёр, омӯзандаи хушзеҳн маъно дорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор