Панҷ. 565 нафар бо кор таъмин шуданд

Аз нишастҳои матбуотӣ                  
   Давоми шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ, 765 нафар шаҳрвандони ноҳияи Панҷ барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 195 нафарашон занҳо мебошанд.
  Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 708 нафар ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуданд.  
   Дар ин давра бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 565 нафар бо кор таъмин гаштанд. 
   Гуфта шуд, ки дар ин давра 9 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 78 ҷой гузаронида шуда, дар онҳо 35 корхона ва 476 корҷуй иштирок намуданд. Аз ин шумора 120 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, бо кор таъмин шуданд. Инчунин 165 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 55 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. 
   Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 11 нафар бо маблағи 4 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. 

Сулаймон СУЛТОНОВ  
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019