Ноҳияи Ҷайҳун худкифо мешавад

Аз нишастҳои матбуотӣ 

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии хеш гуфт, ки то соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун пурра аз маблағҳои субвенсионии вилояту ҷумҳурӣ даст мекашад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии ин иқдом дар ноҳия бунёди як парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он зиёда аз 10 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд. 
Аллакай барои бунёди парки технологӣ ҷойи замини сохтмон муайян гардида, соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо ҷалб гардидаанд. 
Дар баробари бунёди парки технологӣ, инчунин дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 34 ададаш корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд. 
Ҳамчунин давоми панҷ соли оянда дар ноҳия бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, панҷ сардхона ва  ду корхонаи истеҳсоли шарбат ба нақша гирифта шудааст, ки барои пурра худкифо намудани ноҳияи Ҷайҳун мусоидат хоҳанд кард.
  
Сулаймон СУЛТОНОВ
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019