«Шоирӣ худафрӯзист»




Бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб муддате сайъу талош доштем, то мусоҲибаи ихтисосие анҷом диҳем. Аммо бо сабабҳои дурии роҳ, баъзан беморие ва ё сафарҳои кориаш рӯзи мусоҳибаи мо тӯл мекашид. Ахиран, суҳбати деринтизори мо дар саҳни ҳавлии зисти устод дар шаҳри Душанбе  сурат гирифт.
Ёд дорам, мо муҳассилини мактаби миёна будему Шумо донишҷӯи имрӯза Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 
аз он айём аз намунаҳои шеърҳоятон баҳравар 
мешудем. Мегуфтед, ки нахустин шеъратон дар 
кадом мавзӯъ буд?
- Оре, ман аввал дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб баъдан, дар факултаи физика математикаи имрӯза Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намудаам. Аммо ба 
шеъргӯӣ ва шеърнависӣ барвақттар меҳру рағбат 
пайдо карда будам. Аввалин шеърҳоям «Пионер», «Раҳсипорам» соли 1972 дар рӯзномаи «Пионери  Тоҷикистон» рӯйи чоп омаданд.
Баъд шеъри «Комбайнёр»-ро навиштам, ки ба ман шуҳрати зиёд овард. Ман тобистон ҳар гаҳе аз Кӯлоб ба зодгоҳам Данғара меомадам, медидам,
ки дар даштҳои беканор комбайнҳо машғули 
ғалладаравианд. Ғалладаравӣ як мавсими долу зарби меҳнатӣ ва масъулиятнок ба ҳисоб мерафт. Мавзӯи ватандӯстӣ дар ашъори шумо мақоми баланд дорад. Аз ҷумла, дар шеъри «Дар хоки Ватан бошам» омадааст: «Бигзор гадо бошам, 
дар хоки Ватан бошам»… Ё дар дигар ғазалатон гуфтаед: «Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист…»
- Воқеан ҳам, мавзӯи ватандӯстӣ ва ифтихор 
аз ватандорӣ дар эҷодиёти бисёр адибони дигар 
низ ҷойгоҳи махсус дорад. Шеъри «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам»-ро дар солҳои ҷангишаҳрвандӣ эҷод карда будам. Дар он рӯзҳои 
сиёҳу мудҳиши ба сари миллати ҷафокашидаи тоҷик омада, ҳазорон нафар ҳамватанони мо дар хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуреза шуда 
буданд.Бисёре аз шеърҳои дар мавзӯи Ватан эҷод намудаи маро овозхонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов, Зикрулло 
Ҳакимов ба оҳанг дароварда, сароидаанд. Хушбахтона, он сурудҳо ба дили ҳаводорон роњ ёфта, аз ҷониби мардум хуб пазироӣ гардиданд. Беҳуда нагуфтаанд: «Ватандӯстӣ аз шохаи имондорист».
Боз як шеъри нав эҷод кардам, ки «Ватанро нафурӯшед» унвон дошта, бисёр пурмазмуну мутаассиркунанда мебошад.
Ба ибораи дигар гӯем, ашъорам саропо васфи Ватану меҳру муҳаббати меҳан аст. То ба имрӯз дар васфи Ватан зиёда аз 150 шеър эҷод намудаам.
- Нахустин маҷмӯаи ашъоратон кай рӯйи чоп омадааст?
Соли 1981 якбора ду маҷмӯа ашъорам чоп шуда, пешкаши ҳаводорони шеър гардид. Ҳамон сол маро ба узвияти Иттифоқи нависандагони 
ИҶШС қабул карданд.
Баъдтар пайи ҳам маҷмӯаи ашъорам бо номҳо «Меҳргиёҳ», «Хирмани моҳ», «Ашки қалам», 
«Савғо» («Подарок» бо забони русӣ), «Лолаи чашм», «Дидор», «Фарёди ёдҳо», «Нури дида» ва 
дигар маҷмӯаҳо нашр шуда, дастраси хонандагон гардид.
- Устод, Шумо муддате дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи телевизион фаъолият доштед. Оё ин ба фаъолияти эҷодиатон таъсир намегузошт?
- Не, замоне вазифаи директори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлонро ба дӯш доштам. Баъдан, то соли 2004 ба ҳайси муовини раиси 
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумзурии Тоҷикистон низ фаъолият кардам. Дар ҳақиқат ин вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ аз эҷодкор доимо донишу истеъдод ва маҳорати 
эҷодӣ талаб мекунад, ки илҳомашро рӯйи коғаз 
биёрад. Барои корҳои эҷодӣ вазифаҳо ва дигар супоришҳо монеъ намешаванд. Ман барои эҷоди шеър доимо вақт меёбам…
- Оё табъи шоирӣ ирсӣ аст ё на?
-Ягон нафар аз модар ҳамчун шоир ба дунё наомадааст.Шоирӣ истеъдоди худодод аст. Қиблагоҳи ман як шахси одии заҳматкаш буд. 
Ману бародарам Сайид Ғоиб ҳамчун шоир ба майдони адабиёт омада, якчанд маҷмӯаҳои худро рӯйи чоп овардем.Фарзандони бародарам Баҳманёру Искандар ҳамчун шоирони ҷавону умедбахш бо эҷоди шеърҳои наву пурмазмунашон имрӯз аз пайроҳа ба шоҳроҳи адабиёти муосири тоҷик гомҳои устувори худро мегузоранд. Шеър аз нигоҳи Шумо чист? Ва шоир кист?
Шеър баландтарин сухан аст, ки дар вазну қофия эҷод мешавад. Шеър бояд чунон пурмазмунусода бошад, ки зуд ба дили хонанда роњ ёбад. Шеър бояд тарбиятгари инсонҳо бошад. 
Шоир ҳамчун шахси эҷодгар тамоми умр заҳмат мекашад, мактаби шоирӣ меофарад, худ месӯзаду оламро равшан месозад. Маҳз шоиронанд, ки бо панду андарзҳои худашон инсонҳоро ба роҳи неку 
дурахшон раҳнамоӣ карда, бомаърифат мегардонанд.
- Мегӯянд, ки гулпарвари бисёр хубед. Дар фурсатҳои холигӣ боз ба чӣ корҳо машғулед?
- Инсон бояд ҳаёт ва ҳамаи чизҳои офаридаи Худовандро дӯст дорад. Шумо худ шоҳидед, ки дар ҳавлии ман зиёда аз 40 навъҳои гуногуни гулҳои зебо парвариш меёбанд. Яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ман парваришу нигоҳубини гулҳо ба шумор меравад. Зеро гул рамзи зебоӣ ва хушбахтист.Фармудаи Ҳаким Саноиро амалӣ менамоям: «Мекунам сарсабз ҳар хоре, ки дар роҳи ман аст». Файласуфи бузург Вейерштрасс гуфтааст:
«То қадре шоир набошӣ эӣ, математики ҳақиқӣ шуда наметавонӣ». Ба андешаи Шумо 
байни шоирию фанҳои дақиқ ягон иртибот мавҷуд аст?
Ин ҳикмати бузург ҳақиқати воқеӣ дорад. Нисбӣ бошад ҳам, дар он мазмуну фаҳмиши зиёд 
маҳфуз аст. Байни ҳамаи фанҳои таълимӣ робитаи 
зич вуҷуд дорад. Якдигарро пурра месозанд. Ҳатто 
Ҳамаи ҳодисаҳои коинот низ дар иртиботанд. Математикаё физика илмҳои зеҳнианд.
Онҳо одамроба тафаккур водор месозанд. Шоир ҳам дар лаҳзаҳои илҳом тавассути андешаю зеҳни баланд шеър эҷод менамояд. Математик бояд лирик бошад, зеро илми физикаю математика илми эҷод аст.
Мегӯянд дарди замон нахуст аз дили шоир мегузарад. Айни ҳол аз чӣ дард мекашед?
-Ҳамаи рӯйдодҳои ҳаёт нахуст аз дили пурэњсоси шоир мегузарад. Ҳамаи шодию тимор ва лаҳзаҳои фараҳбахшу гуворо ҳамчун қатраҳо дар дили шоир ҷамъ мешаванд ва сарзамини дилҳоро шодоб мегардонад. Шоир бояд ба ноумедон дари умед кушояд.Боз аз номеҳрубониҳо, бевафоиҳо, хиёнатҳо ва дилозориҳои байни одамон озурда мегардам. 
Ҳол он, ки дар ин дунёи ба қавли устоди зиндаёд 
Лоиқи бузург, ки «бунёдаш бераҳмию бемеҳрист» 
ва ба таъкиди Ҳофизи бузургвор «дунё на матоъест, ки арзад ба низое» одамон бояд дастгиру ҳамдами якдигар бошанд. Яъне, якдигарро дӯст доранд. Ман борҳо гуфтам ва боз таъкид медорам:
Ҷаҳон монду ҷаҳондорон гузаштанд, Вафо монду ҷафокорон гузаштанд.Барои нафъи худ дар зиндагонӣ, Чӣ ёроне, ки аз ёрон гузаштанд.
- Боз чӣ нақшаҳои нави эҷодӣ доред?
-Ҳар як шоир бояд то лаҳзаи вопасини ҳаёташ 
аз эҷод даст накашад. Ман ҳам ният дорам боз шеърњои нави пурмазмуну рангин эҷод намоям. Як роман навишта истодаам. Ба наздикӣ чоп мешавад.Ҳоло номашро намегӯям. Аввал рӯйи чоп 
биёяд, баъд мегӯям (механдад).
- Устоди арҷманд, барои чунин суҳбати самимиюпурмуњтаво ба Шумо як ҷаҳон ташаккур 
мегӯем. Ба Шумо ва кормандони маҷаллаи «Сафо» низ барори эҷод, қалами буро, дар зиндагиатон хушбахтӣ ва саодатро таманно мекунам. Барои фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ, комёбиҳои бештар ба сӯи фардои дурахшон гомҳои устувортар гузоред. Бигузор «Сафо» яке аз маҷаллаҳои бонуфуз ва серхонандатарини кишвар бошад. Аллакай  ҳамин хел ҳам ҳаст. Ба хонандагони ин нашрия ва мухлисони хатлониям дуруди меҳрбору бепоёни маро расонед.

Аъзам БОБОЕВ, шаҳри Душанбе
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019