Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳамсолони истиқлол
Ҳамчун як ҷавон, фарзанди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аз он меболам, ки дар ин замони ором ва шукуфон ба воя расидаам. Истиқлолият барои ман азизу гиромӣ аст, чун дар ин даврон тибқи Квотаи президентӣ дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ шудам.
Боиси ифтихору сарфарозии тамоми ҷавонони мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон аст, ки аз солҳои аввали давлатдории навини тоҷикон Пешвои муаззами миллат ба самти ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷўяндаву созанда эҳтиёҷи калон дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, ба¬рои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷа-вонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан гайриимкон аст.
Барандагони стипендияи Президентӣ дар вилоят сол ба сол бо инобати таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба соҳа афзоиш ёфта истодааст. Агар соли аввали таъсиси ин стипендия солона 108 нафар ҷавонони вилоят шарафёб ба ин имтиёз мешуданд, ҳоло бошад 143 нафар (аз ҷумла 70 нафар духтар) расида, дар соли хониши нав ин шумора ба 1200 адад (нафар) мерасад. Гирандагони стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 5 нафар, гирандагони стипендияи раиси вилоят дар соли аввали таъсисаш агар 35 ададро ташкил дода бошад, ин шумора ҳоло ба 130 нафар расидааст. Гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо низ сол ба сол зиёд карда мешаванд, ки таваҷҷуҳи хоса нисбати ин қишри созандаи ҷомеа аст. Дар солҳои таҳсили 2019-2020 458 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 27 нафар ҷавонон аз ҷониби сарпарастон ба дигар стипендияҳо таъмин шудаанд, ки назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд зиёд мебошанд.
Ватанро дўст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебо¬шад, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард, чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш ҷавононро ояндаи миллат медонанд, ки ин моро водор месозад, то бо маърифату ҷаҳонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй намоем.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа, аз ҷумла мо ҷавонон ба қадри он бирасем ва дастовардҳои онро болотар аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ, қавмиву ҳизбӣ гузорем. Дастгирӣ аз иқдомоти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳимон, ягона роҳест, ки моро ба саодати зиндагӣ мерасонад.
Аловуддин Амирзода- мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД



