Қ. МИРАЛИЁН: ИДЕЯИ ҲИЗБӢ БОЯД «БЕҲТАРИН» БОШАД, НА «ХУБ»!

                     - Дар моварои сиёсат -
Аз ҷониби Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 Рўзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Баъди ин муборизаҳои аҳзоби сиёсии мамлакат барои ишғоли маснади Президенти Тоҷикистон барои 7 соли минбаъда ба таври расмӣ ва ҷиддӣ шурўъ гардиданд. Нахуст Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) раиси ин ҳизб Рустам Латифзодаро номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Абдуалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода – аз ҲИИ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ҳамчун номзад ин даъфа барои расидан ба қудрат талош хоҳанд кард. Ахиран Анҷумани ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)- ҳизби ҳоким, дар миёни аҳзоби сиёсии мамлакат чанд қадам пеш гузошта, аҳзоби дигарро аз худ дар фосилаи хеле зиёд қарор дода меояд. Оид ба масоили вобаста ба интихобот ва умуман фаъолияти ҲХДТ дар маҳалҳо суҳбати вижае анҷом додем бо раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён.
- Нахуст мехостам андешаи Шуморо вобаста ба Интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Маҷлиси намояндагони МО бифаҳмам. Оё аз раванд ва натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ қаноатмандед, оё он аҳдофе, ки пеши худ гузошта будед, ба он расидед? Фаъолияти ҳарифони Шумо қобили таваҷҷуҳ буданд?
- Ба ростӣ, мо фаъолияти аҳзоби дигарро дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ ба таври дақиқ таҳлил накардаем. Аз рўи мушоҳидаҳо метавонем бигўем, ки бо ҳамон иқтидоре, ки 6 ҳизби дигар дошт, талош варзиданд ва дигар ниҳодҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ кумак расониданд, ки онҳо ба риояи принсипи баробарӣ бо интихобкунандагон вохўриҳо дошта бошанд. Мо аз он хотир, ки ҳизби пешқадам, ҳизби ҳоким ҳастем, тарафдорону аъзо ва имкониятҳоямон хоҳу- нохоҳ аз онҳо зиёдтар аст. Мо мехоҳем ҷомеа аз ҷиҳати сиёсӣ пурқувват гардад ва қонуни сиёсат ҳамин аст, ки ҳарчӣ қадар рақиб пурқувват шуд, мо низ пурқувваттар мешавем. Дар умум метавонем бигўем, ки кори мо дар ин росто қаноатбахш буд.
- Яъне, он хостаҳо, он нақшаҳое, ки Шумо доштед, дар раванди интихоботи парлумонӣ онҳо бароварда шуданд? Оё буданд ва ё ҳастанд паҳлуҳое, ки Шуморо қонеъ накарданд?
- Албатта, мушкилот дар раванди интихоботи порлумонӣ ҷой доштанд, ки ин моро барои ислоҳи он дар давраи омодагӣ ба интихоботи президентӣ таҳрик додааст. Асли мушкилот дар пешбарии номзадҳо буд. Аз номзадҳо тақозо мешавад, ки бо интихобкунандагони худ вохўриҳо доир намоянд. Аммо, баъзе аз номзадҳо ба 1 ё 2 вохўрӣ қонеъ шуданд. Ин албатта, дар сатҳи ҷамоатҳо буданд, зеро интихобкунандагони онҳо ҳудуди 300-400 нафарро ташкил медиҳанд, ки дар як вохўрии 2-3 соата масоили вобаста ба мушкилоти интихобкунанда баррасӣ карда мешавад ва номзадҳо ба ин васила худро муаррифӣ мекунанд. Сохторҳои ҳизбии мо дар доираи барномаҳо номзадҳои худро низ муаррифӣ мекарданд, аммо аз худи номзад хеле фаъолияти густурда дар ин самт тақозо карда мешавад. Яке аз мушкилиҳои зимни таҳлили раванди интихобот мушоҳиданамуда ин аст, ки сатҳи иштироки номзадҳо аз боло ба поён дар самти вохўриҳо бо интихоботкунандагон кам шудан мегирад. Яъне, агар ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар давоми 2 моҳи пешазинтихоботӣ ба миқдори 50 вохўрӣ рост ояд, дар сатҳи ҷамоат ин рақам ҳатто ба 1 мулоқот мерасад.
- Назари Шуморо ҳамчун сиёсатшинос, доктори илми сиёсатшиносӣ, вобаста ба он мехостам бифаҳмам, ки агар дар ҷомеа як қувваи сиёсӣ рушд мекунад, ногузир қувваҳои дигар низ бояд рушд кунанд, чун талоши ба он наздик шудан ва ё аз он гузаштанро мекунанд.Чаро дар ҷомеаи сиёсии мо ин тавр нест? Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба назар мерасанд, ки тўли 10-15 соли ахир дар ҷои худ қадам мезананд. Миёни ҳизби Шумо ва дигар аҳзоб фосила хеле бузург аст.
- Ҳизби сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият бояд роҳи худашро дошта бошад, яъне он бояд идеяе дошта бошад, ки аъзо ва тарафдоронашро атрофи худ ҷалб намояд. Барои ҳамин дар ҷомеаҳои сиёсии ҷаҳон аҳзоби сиёсӣ гоҳ пеш мераванд ва гоҳ қафо мемонанд. Зеро, агар идеяашон ба мардум мақбул бошад, талошҳояшон ҷиддӣ бошанду мардум ба он бовар кунанд ва он воқеан ба манфиати мардум нигаронида шуда бошад, пас мардум онро дастгирӣ мекунад ва он аз ҳоли заъф шурўъ ба рушд мекунад. Имрўз ҷомеае, ки босуръат рушд
карда истодааст, идеяи «хуб»-ро дигар намепазирад, идеяи ҳизб бояд «беҳтарин» бошад!
Паҳлуи дигар он имкониятҳову захираҳои ҳизбӣ аст, яъне масоили ташкилии ҳизб. Имкониятҳои ташкилӣ барои аҳзоб як паҳлуи муҳими рушди онҳо аст, ки ба он иқтидори кадрӣ, иқтидори техникӣ, низоми идоракунӣ ва бахши дигари муҳим ин василаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ шомил мешаванд.
- КМИР рўзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 октябр эълон кард. Метавонед бигўед ҲХДТ дар кадом самтҳо фаъолияти худро баҳри ғолибият дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ боз ҳам тақвият бахшиданист?
- Мо самтҳои афзалиятноки худро аллакай барои солҳои 2020-2025 муайян кардаем. Барномаи пешазинтихоботии ҳизб дар арафаи интихоботи порлумонии моҳи март аллакай қабул карда шуд. Ва тамоми фаъолияти минбаъдаи мо дар доираи ин барнома роҳандозӣ карда мешавад. Самтҳое, ки рушд карда истодаанд, чӣ дар самти сиёсат, чӣ дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёт ба пуррагӣ дар доираи барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба он авлавият дода мешавад. Чун ин ҳадафҳо моро дар интихоботи парлумонӣ ғолиб гардонид ва мо дар интихоботи президентӣ низ дар доираи ҳамин ҳадафҳо фаъолият хоҳем кард. Яъне, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ низ аз барномаи ҳизбӣ маншаъ мегирад.
- Чун Шумо дар бораи корҳои зиёди тарғиботӣ сухан намудед, ба мушоҳида мерасад, ки ҲХДТ махсусан дар маҳалҳо аз тарғиботи фаъолияти сиёсӣ дида, ба масоили иҷтимоиёт, аз ҷумла, бурдани корҳои тарғиботии пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 дахл карданд.
- Дуруст гуфтед. Фаъолияти сиёсии њизби мо дар ҳама ҳолат бо халқ будан аст. Мо тамоми қувваро ба он равона кардем, то ҳамин бало аз сари мардум дур шавад. Дигар ин ки маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Вақте мо бо гурўҳҳо кор карда наметавонем, мо ин васила ё ин роҳро пеш гирифтем. Ман ба андешаи Шумо оид ба он ки пурра ба ин самт дода шудем, розӣ шуда наметавонам, ҳарчанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои иљтимоии ҳизби мо аст, фаъолияти ҳизбӣ дар шакли вокунишҳо, андешаҳо, ахбор дар сомонаи ҳизбӣ ва дигар расонаҳо бурда
шуданд. Танҳо дар як сомонаи вилоятии ҳизбӣ дар 1 моҳ на кам аз 1000 мавод ба нашр расидааст. Ин кори таблиғотии ҳизбӣ аст, ки мо онро «Электроникунонии муносибатҳо» ном гузоштаем. Ҳамчунин мо корро дар самти омўзиши ихтиёриён (волонтёрон) рушд додем. Мо масофаҳои зиёдро мумфаршу сангфарш намудем. Дар баъзе мактабҳо ба таъмири синфхонаҳо кумак намудем. Ҳамарўза 15нафар ихтиёриёни мо барои барқарорсозии манзили зисти мардуми аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон фиристода мешуданд.
Дар масъалаи татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бошад, мо 2 идеяи беҳтарин, идеяи созанда - азнавсозии иншооти гигиенӣ ва ташкили маркази қабул ва фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ якҷоя бо утоқи раиси маҳалла пешниҳод намуда, аллакай дар чанд маҳал аввалин иншоотҳои гигиенӣ ва марказҳои фурўши дастранҷҳои ҳунармандии миллӣ пайдо шуда истодаанд, ки мо ба мақомоти маҳаллӣ барои дастгирӣ дар ин самт ташаккур мегўем. Аз ҳама нишондиҳандаи хубаш дар ин барнома, ки «Маданияти идоракунии маҳал» номаш ниҳодаем, он аст, ки дар навоҳӣ дастгирӣ ёфт. Мехостам бо истифода аз ин фурсат махсус раиси ноҳияи Ёвонро таъкид намоям, ки ин ташаббусро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, 50 фисади сохтмони биноҳои раиси маҳалларо ба дўши худ гирифтанд. Ҳатто барои раисони маҳал музди меҳнат низ муқаррар карданд. Албатта, амалишавии пурраи ин кор баъди ҷамъбасти сол ва аз соли нав шурўъ мешавад, чун буҷа аллакай тасдиқ шудааст ва ин иқдом аз буҷа вобастагии зиёд дорад.
- Имрўзҳо чанд пайрави ТТЭ ҲНИ аз чанд кишвари беруна ба сўи ободиҳои ин Ватан, ба сари заҳматҳои Пешвои миллат - Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сари суботи Тоҷикистони азиз санг мепартоянд, онро бад мегўянд ва бо ин рафторашон мехоҳанд манзалати кишвари моро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ паст нишон диҳанд. Дар ин самт, яъне вокуниш нишон додан алайҳи ин гуна ҳуҷумҳои иттилоотӣ чӣ иқдомҳо гирифтан мехоҳед?
- Ин як муаммои сарбаста аст. Аслан мушкилот дар мардум нест. Мутаассифона, зеҳни инсон кору кирдори нохуб ё бадро тез қабул мекунад, ба он таваҷҷуҳ бештар аст ва вобаста ба ин нафароне, ки ба бадкорӣ машғуланд, ҳаминро гуфтаниам, ки љомеаи имрўзи мо он љамъияти ибтидои соли 1990-ум нест, ки фирефтаи сухани љўши иғвогарон шавад. Дигар тарафи кор он аст, ки вақте мо як масъаларо
баррасӣ мекунем, ба он «лайк» мемонему ба он шарҳ менависем, онро технологияи иттилотӣ ба таври автоматӣ ба чанд ҷои дигар паҳн мекунад. Яъне, аз як тараф вокуниш додан даркор ва аз тарафи дигар ин вокуниши мо метавонад сангчаро ба кўрсанг табдил диҳад. Чуноне, ки қаблан гуфтам, ин як муаммои сарбаста аст. Моро мебояд дар ин самт бисёр ҳушёр бошем.
- Шояд вокунишҳо ғайри ҳирфаиянд, шояд дар ин самт тактика ва ё усули дигареро бояд пеш гирифт?
- Тақрибан моҳе қабл як мақолаи таҳлилӣ дар рўзномаи ҳизбии «Минбари халқ» ба нашр расонида шуд. Нигаронии мо дар ин мақола аз вокунишгароии ҳизбӣ буд. Мо инро таҳлил кардем ва ба хулоса расидем, ки вокунишҳо ба вокунишҳои фаъол, камфаъол ва ғайрифаъол ҷудо мешаванд. Мо камбудиҳоро аллакай таҳлил карда нақшагузорӣ намудем. Яъне, тарғиботу ташвиқот, ки кори ҷиддии ҳизбӣ аст ва мо тартиби пешниҳоди вокунишро ба маводҳои иғвоангез таҳия намудем ва дастраси аъзову фаъолон кардем, то вокунишҳо ҳадафрас бояд бошанд. Барои ин кор бештар таҳлилгарону донишмандонро ҷалб карда истодаем.
- Баргардем ба масъалаи интихоботи президент. ҲХДТ махсусан дар вилояти Хатлон кадом корҳоро карданист?
- Мо 2 самти фаъолият дорем. Якум, ки расмиётро бениҳоят олӣ бояд анҷом диҳем. Чӣ тавре, ки медонед, мо аллакай конференсияҳои шаҳриву вилоятиро дар сатҳи баланд гузаронидем. Ба Анҷуман 360 вакилро пешниҳод намудем. Анҷуман раиси ҳизбро ба ҳайси номзад пешбарӣ кард. Самти дуюм самти тарғиботӣ аст. Мо нақшаи чорабиниҳо таҳия намудем. Аз вакилони худ, аз гурӯҳҳои вакилӣ хоҳиш намудем, ки дар ин самт корро ҷиддӣ бигиранд. Дигар он, ки мо таҳлили ҳафт соли фаъолияти ҳизбиро гузаронидем, то бидонем, ки аз куҷо ба куҷо расидем. Шумораи махсуси рўзномаи «Ҳамрози халқ» ба нашр расонида шуд, ки ҳафт саҳифа ба ҳафт соли фаъолияти Президенти кишвар ва ҳафт соли фаъолияти ҳизбӣ бахшида шудааст. Ин ба мо имкон дод, то иқтидор ё потенсиали ҳизбии худро дида тавонем. Акнун, ки Анҷумани ҳизб доир гардид, мо ба ташвиқоту тарғибот шурўъ намудаем. Метавонем бигўем, ки ҳизб ба интихоботи президент ба пуррагӣ омодагӣ дида истодааст.
- Дар ин самт омодагии ҷиддитари кадом комиҷроияҳои ҳизбиро метавонед ном баред?
- Аслан кумитаҳои иҷроияи ҳизбии мо дар ҳар самт ҳар кадомашон фаъолияти назаррас доранд ва наметавон номи чанде аз онҳоро дар алоҳидагӣ гирифт. Зеро он нишондиҳандаҳое, ки мо интизорем, пурра ба анҷом нарасидааст. Ман метавонам, Кумитаи иҷроияи Носири Хусрав, Кўшониён ва Кӯлобро дар баъзе риштаҳо номбар кунам, аммо шояд дар баъзе самтҳо дигар кумитаҳои иҷроия фаъолтар бошанд. Аз ин рӯ, мо рейтингҳо ҷорӣ намудем, барои мисол рейтинги узвиятдорӣ, рейтинги ташаббускорӣ, рейтинги кор бо маҳал, рейтинги обуна, рейтинги кор дар самти коронавирус ва дигару дигар. Дар ҷамъбасти сол мо боз аз рўи ин рейтингҳо фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар маҳал баҳогузорӣ мекунем.
- Барои ман тааҷҷубовар аст, ки дар баробари Кўлоб ва Кўшониён, ки нисбатан рушд карда, наздиктар ба марказанд, Шумо номи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Носири Хусравро, ки як ноҳияи марзӣ, як ноҳияи бурҷӣ гўем аст, гирифтед…
- Бале. Ин ҷо пеш аз ҳама касбият, маҳорати раҳбарӣ муҳим аст ва чизи дигар ин «тим» аст, тими пурқувват, ки дар фаъолияти ҳизбӣ хеле нақши калидӣ дорад. Аммо, мо ҳанўз хулосаи ниҳоӣ надорем, хулосаи ниҳоӣ охири сол бароварда мешавад.
                                                  Мусоҳибаи Абубакри ФАЙЗАЛӢ
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019