Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. 41 ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД
- 11 ОКТЯБР – ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯзи 21-уми августи соли ҷорӣ нахустин семинари омӯзишӣ барои ҳайати комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар - №44 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯрзода иттилоъ дод, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ин аввалин семинари омӯзишӣ буда, давоми ҳафтаи оянда боз баргузории чанд семинари дигар дар назар аст.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар интихоботҳои гузашта дар ҳудуди шаҳр 38 участкаи интихоботӣ таъсис дода мешуд, ки бинобар сабаби зиёд будани теъдоди интихобкунандагон дар баъзе участкаҳо мушкилот пеш меомад.
-Мушкилоти интихоботҳои қаблиро омӯхта, тасмим гирифтем, ки имсол дар ҳудуди шаҳр теъдоди участкаҳои интихоботиро ба 41 адад расонем, - гуфт ӯ.
Бо баргузории семинари омӯзишӣ ҳайати комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа ва уҳдадориҳои хеш огоҳ карда шуданд. Ҳамчунин миёни раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар - №44 ва иштирокчиёни семинари омӯзишӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


