МОДАР, МАРО МАКУШ

                                                                        Ҳикояи воқеӣ

 Ин зани лоғарандоми сафедчеҳраро қариб ҳар рӯз дар кӯча, дар назди мағоза медидам. Бо куртаи чити сафед, мӯйи сафеди шонанокарда. Гоҳо бо одамон даст ба гиребон мешаваду гоҳо аз нафароне имдод металабад. Гоҳо хоки кӯчаи норӯфтаеро бо кафи дастонаш ба боло бод дода, дар миёни чангу ғубор гум мешавад ва гоҳо худ ба худ гап мезанад, баланд - баланд механдад, чун овозашро мешунавӣ, гумон мебарӣ, даҳ- понздаҳ нафар занҳо ҷамъ шуда бо ҳам суҳбат доранд. Одамон чун ин зани девонаавзоро мебинанд, аз ӯ мегурезанд. Кӯдакон бошанд ӯро масхара мекунанд, гурӯҳ- гурӯҳ ҷамъ шуда, аз қафояш медаванд, механданд ва аз дашному ҳақоратҳояш гўё «лаззат» мебаранд, ки давида, дар паси буттае ё деворе худро пинҳон мекунанд ва бо ҳар гуна овоз ин зани муштипари дар чанголи деви қисмат мондаро садо мекунанд.

Ин зани ба қавли нафароне «бадбахти худозада» ин кӯдакони маъсуми шебу фарози зиндагӣ надидаро ҳақорат мекунад, калтак дар даст, то дари хонаҳояшон пеш мекунад ва баъдан нолаҳои пур аз сӯзу гудоз аз замири қалбаш берун мебарорад, ки аз замин то осмон гӯши фалак кар мешавад. Чун боре ин саҳнаро бо чашмонам дидам, дилам ба ҳоли ин зан сӯхт. Ӯро ором кардам. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳарду ба ошхонае даромада, сари як пиёла чой суҳбат кунем. Рад кард.

-Ман фариштаам. Аз дасти дигар одамон чою нон намехӯрам. Маро ба ҳолам гузоред. Агар хоҳед ба дарди ман дармон бахшед, маро назди ҷигарбандам баред, -гуфт ў.

Зор- зор гирист, ашки хунин домани куртаи сафедашро тар кард. Доғҳои аз асари сиришки хунин дар куртаи сафедаш нақшбаста гӯё аз ҷигари садпораву бирёнаш дарак медоданд. Ба тифлакони дар оғӯши модарон, ки ба хотири аз ҳавои тозаи баҳорӣ нафас гирифтан берун шудаанд, менигарист ва бо алам: -«Куҷоӣ ҷигарбанди ба дилу ҷон пайвандам, куҷоӣ хушрӯяки ман, ана ин бачаяки ман, ана ин асалаки ман» мегуфт. Доду фарёд мезад ва бо дарду алам мехонд:

Умри дурӯзаи ман ба шодӣ нагузашт…

Ҳар замон санги маломат бар сари тақдири наҳс мезад ва рӯ ба осмон карда, чун файласуфи ҳамафаҳми аз кулли асрори азал бохабар гӯё бо Офаридгор баҳс мекард. Ҳар замон аз сарнавишти бо хати сиёҳ рақам задааш пеши касу нокас шикоят мебурду аз номуродиаш шиква мекард. Яъсу ноумедӣ, бадбахтиву касофат пайваста ӯро дунболагир ҳастанд ва пиндор, ки ӯ маҳз барои бадбахт шудан ба дунё омада бошад. Лаҳзае ин зиндагии талху ғамангезро ба шакли таронае, суруде ба раҳгузарон пешкаш мекард ва лаҳзае аз давраи гузаштаи пур аз кайфу сафояш ҳикояи ҷолиб мегуфт.

Лаҳзае гӯё ин ҳама ғаму аламу дарду доғро фаромӯш карда бошад, ки худро монанди як инсони ақлану ҷисман солим ва фурӯтану меҳрубон вонамуд мекард ва мегуфт:

-Кош номи маро Фаришта намемонданд. Зеро фариштаҳо хушбахтанд, ман бошам бадбахт. Мегӯянд чун волидайн ба фарзанд номи хуб гузоранд, зиндагии фарзанд мисли ҳамон номаш зебову ширин ва хубу дилрабо мегардад. Номи ман аз ҳама номи муқаддасу зебост, аммо зиндагиям баръакс, талху вазнин.

Ва боз лаҳзае гӯё лашкари ғаму андуҳ бар ӯ ҳамла карда бошад, ин ҳама хоксорӣ ва фурӯтанияш яку якбора гум мешавад ва ӯ ҳаммонанди паргор, ки гирди меҳвари худ чарх мезанад, дар худ печидаву бо лаҳни ношиносе, бо ибораҳои канда- канда лаънат бар тақдири баду рӯзгори нобасомонаш мехонад. Зиндагиро ҷаҳаннам тасаввур мекунад, ҷаҳаннаме, ки шайтон дар он ҳукмрон асту аз раҳму шафқат дар он осоре нест, ки нест. Ҷаҳаннаме, ки пур аз дуду нор асту ранҷу алам ва ғаму озор. Ин зани аз саодати даврони пирӣ баҳранабурда пайваста оҳи бадард мекашаду мегӯяд, ки «тақдири одамҳоро бин, боумед ба дунё меоянду ноумед аз он мераванд. Вой бар ҳоли ман барин инсонҳои бетақдир, ки дар ин умри кӯтоҳ боре дар лабҳояшон гули табассум нашукуфтаву қалбҳояшон шодӣ надида».

Аз ҳамсоязане саргузашти ин занро пурсон шудам. Кампири ҳамсоя ҳикоя кард, ки фарзанди ягонаи одами давлатманди соҳибмансабе буд. Ғаму ками дунёро намедонист. Аз шебу фарозу, аз буду набуд, каму беш, нӯшу неш ва талхиву ширинии ин дунёи фиребгар бехабар буд. Фаришта номаш. Дар ҳусну ҷамол беҳамто буду дар беақлӣ беназир. Зиндагии шоҳона дар қасри падар ӯро мағрур мекарду ба фоҳишагиву беҳаёӣ маҷбур ва ҳавобаландӣ аз суҳбати оқилон дур. Чангу ғубори беориву беномусӣ домани пироҳани сафеди иффаташро доғдор карда буд. Иқболу мурод, бахту нишот ба якборагӣ аз ӯ рӯ метофтанд. Фаришта нозуктарин чиз, яъне, шарму ҳаёро аз даст дода буд ва рӯ овард ба фоҳишагиву беномусӣ. Дигар ягон нафар на волидайну на омӯзгор, ёру дӯсту ҳамсоя ӯро аз ин роҳи хато бозпас гардонида натавонистанд. Волидайни номдори дар назди ҳаққу ҳамсояҳо соҳибэҳтиром ин шармандагиро таҳаммул карда натавонистанд ва сактаи дил шуда, ҳар ду яке аз паси дигаре дунёро тарк намуданд. Дигар касе ба ӯ кордор нашуд. Ҳамроҳи як дугонааш ба Россия меравад. Бо марди миллати ғайре издивоҷ мекунад ва соҳиби фарзанди дӯстрӯяк мегардад. Ҳамсараш аз ӯ илтимос мекунад, ки ба кор набарояду ба нигоҳубини тифлаки маъсумаш машғул шавад. Каму кост ва мушкили хонаводаро ҳамсари бовафои аз қалби сиёҳи зани ношукр бехабар ба гарданаш мегирад. «Давлат аз пайи давлатманд меравад»,- гуфтаанд, ки ҳақ будааст. Фаришта дар хонаи ҳамсари бодавлат низ аз ягон чиз камӣ надоштааст. Ҳафтаҳо паси ҳам сипарӣ мегарданд. Тифлаки маъсум, ки бо хоҳиши модару падараш ба ӯ номи Ормонро мемонад, бузургтару ширинтар мешавад. Падар чунон бо ин ҷигарбандаш унс мегирад, ки намехоҳад соате аз ӯ ҷудо бошад. Аммо чун сардори як корхонаи калон будааст, ба дигар шаҳр ба сафари хизматӣ меравад ва муддате аз ҳамсари нозанин ва фарзанди дӯстрӯякаш дур мемонад. Фаришта, ки одати рӯзу шабҳо дар хона нишастанро надошт, аз рафтани ҳамсараш истифода мебарад ва василаеро ҷӯё мешавад, то аз ин тифл халос шавад ва чун пештара дари фоҳишахонаҳоро бикӯбаду паноҳгоҳе биёбад ва дигар рӯзу шабњоро бо кайфу сафо бигзаронад. Ягона роҳи халосиро Фариштаи девсиришт дар куштани ҷигарбандаш мебинад. Фарзанди яккаву ягонаашро бо дастони худаш мекушад, ба як-ду нафар «дӯстонаш» занг мезанад, ба ҷангал мераванд ва заминро ҷуқур кофта, ҷасади кӯдакро дар дохили он мепартоянд. Аз он рӯз сар карда, Фариштаи аз доираи ахлоқи шоистаи  одамӣ дурафтода, Фариштаи ба сурат фариштаи осмону ба сират шайтони мардуд фоҳишахонаҳоро ҷойи зисташ интихоб мекунад.

Чун даврони пур аз кайфу сафои ҷавонӣ беихтиёру бехабар паси сар мешавад ва барфи сафеди пирӣ чанг бар зулфакони сиёҳи мушкинаш мезанад ва ожангҳо чун хати дафтари толибилмон рӯйи сафеди маҳтобии Фариштаи нагунбахтро пур мекунанд, дари тарабхонаву фоҳишахона ба рўяш баста мешаванд. Дар партовгоҳу таҳхонаҳо ба қавле монанди гадо чанд соли дигари умраш ба хорӣ мегузарад.

Рӯзе як ҳамватанаш ӯро дар яке аз кӯчаҳои шаҳри калон мебинад, дилаш ба ӯ месӯзад ва ӯро баъди чанд вақт ҳамроҳи худ ба ватан меорад. Солҳои зиёде сипарӣ гардиданд, ки ин зани раҳгумзадаи бахтгумкардаи барака аз дастдода, дар хонаи падар танҳо зиндагӣ мекунад.

-Ин Фаришта нест, фаришта беайбу гуноҳ аст, пок аст, ҷойи ӯ афлок аст. Ин зодаи аҳриман аст, радди ҳар маъракаву анҷуман аст. Ин зан зодаи шайтони лаин аст, ҷойи ӯ дар қаъри замин аст»,- гуфт кампири ҳамсоя ва дастакони ларзонашро сӯйи гиребони тавба бурда, худоё, бандаи пургуноҳатро бубахшу дар паноҳи муборакат нигаҳ дор, гуфта, тарафи хонааш назди ҷигарбандон ва наберачаҳои ба ҷон баробараш равон шуд.

Чун ин саргузашти талхи Фариштаи дар мазраи қалбаш тухми одамӣ накиштаро шунидам, дар ҷоям шах шуда мондам. Ба андеша фурӯ рафтам, ки чӣ хел модар қодир аст, тамоми ҳастии хешро ба хотири саодати фарзандаш қурбон созад, ба чунин кирдори нораво, ба куштани фарзанд даст занад.

На, на, ин модар нест, ин фаришта нест, ин даранда ҳам нест. Зеро одам, ҳайвон, даранда паранда ва тамоми он чизе, ки фарзанд ба дунё меорад, қодир нест, ки ба чунин аъмоли носазо даст занад. Зеро фарзанд меваи умр аст. Роҳатбахшу лаззати умр аст, давоми умри волидайн аст.

Дар ин фикр будам, ки овози ҷонгудози Фариштаи шумтолеъ ба гӯшам расид;

- Ман туро намекушам, биё ба наздам, ормонам, умедам, орзуям, асои дасти пириям, ҷону ҷигарбандам, дар фироқат сӯхтам, обу адо шудам.

Шояд ин Фариштаи муҷрим лаҳзаи куштани Ормонро ба ёд оварда бошад, ки ин ҳама нолаҳои пурсӯз аз ҷигари сӯхтаву қалби нолон сар медиҳад.

Ё шояд Фариштаи осӣ ба ёд меорад, ки чи хел ҳангоми куштани фарзандаш кӯдаки маъсум бо нигоҳҳои маҳзун аз ин офарандаи ҳастияш ба ин гардун ва дар он ҳангом ташнаи хун бо зорӣ илтиҷо мекард, ки:

Модар маро макуш, ки ту ҳам пир мешавӣ,

Он дам чу ман касе нашавад дастёри ту.

Магзор зери хок маро, хок мешавам,

Хоҳам ҳамеша ханда кунам дар канори ту.

СУМАНГУЛИ АСАДБЕК, ноҳияи Носири Хусрав

Добавить комментарий