ҶОНФИДОЁН

«Фариштагони наҷот»


Дар ин рӯзҳои вазнин, ки дар тамоми олам вируси нав паҳн гаштааст, табибон ба қасами худ содиқ монда, барои наҷоти мардум шабурӯз бо коронавирус дар набарданд. Онҳоро имрӯз «Фариштагони наҷот» ном мебаранд, зеро эшон ба хатари сирояти ин беморӣ нигоҳ накарда, ҳамарӯза дар хизмати беморонанд. Идораи маҷаллаи «Сафо» тасмим гирифтааст, ки зери рубрикаи «Фариштагони наҷот» аз кору пайкори табибоне, ки имрӯз дар хизмати мардуманд, матлаб пешниҳод намояд.


- Ман ҳам ба бемории коронавирус мубтало шудам. Ҳар рӯз дар кор будам, худам ҳам намедонам дар куҷо ва чӣ тавр сироят ёфтаам. Вазъи саломатиям вазнин шуд худро хуб ҳис намекардам, маҷбур шудам ба беморхона равам. Маро дар Госпитали бемориҳои хавфнок (Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб) хобонданд. Мубталои бемории қанд буданам табобати бемории ҳамгирро мушкилтар кард. Бо ҳамаи нигоҳ накарда, табибон Абдукарим Шокиров ва М. Саидов, ҳамшираҳои шафқату дигар кормандони тиб шабзиндадорӣ карда, сари болини беморон буданд. Ҳамаи онҳо лаҳзае ҳам бекор набуданд, ҳама ҷонфидоӣ мекарданд. Рӯзҳое, ки дар беморхона бистарӣ гардидам, оғози авҷгирии бемории коронавирус буд. Дар рӯзҳои аввал беморхонаҳо шароити хуб надоштанд, яъне сарулибоси тиббӣ намерасиду табибон ҳама азоб мекашиданд. Онҳо ҷони худашонро дар хатар гузошта ҷони дигаронро наҷот медоданд. Маро бо сабаби вазнин будани ҳолатам дар шуъбаи наҷот хобонданд. Шабу рӯз табибону ҳамшираҳо ҳама паи наҷоти беморон равуо доштанд. Ман аз ҳамаи кормандони тиб, бахусус Абдукарим Шокиров ва дигар ҳамкасбонашу ҳамшираҳо изҳори сипос менамоям. Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд. Баъди 12 рӯзи табобат ман шифо ёфтаму ба хона ҷавобам доданд ва боз идомаи карантинро дар хона гузаронидам. Худованд беморони бистариро шифо бахшаду сиҳатмандонро ҳеҷ гоҳ мубталои беморӣ нагардонад. Тоҷикистони азизи мо аз ин бемории ҳамагир ба зудӣ раҳо ёбад, – мегӯяд Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб.

Дар шаҳри Кӯлоб аз санаи 23 марти соли равон беморхонае бо номи Госпитали бемориҳои хатарнок кушода шудааст. Ин беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аст ва барои бистарикунонии 60 нафар бемор омода аст. Госпитали мазкур ду бинои асосӣ дорад. Як биноаш барои қабул ва табобати беморони вазину хатарнок ва бинои дигараш ҳамчун меҳмонхона барои кормандони беморхона мувофиқ карда шудааст, ки шумораи умумии эшон 130 нафарро ташкил мекунад. Ҳамаи кормандони тиб шабонарӯзи ҳамин ҷо ҳастанд ва аз ин ҷо намераванд. Ин 130 нафар кормандон 65 нафарӣ дар ду баст тақсим шуда бо навбат шабонарӯзӣ бо ин вабои нав мубориза мебаранд. Як гурӯҳаш як шабонарӯз кор мекунад ва гурӯҳи дигараш онҳоро иваз мекунад ва ин гурӯҳи кормандони аз кор озод шуда, дар бинои дуюми ба ҳайси меҳмонхона хизматкунанда як шабонарӯз истироҳат мекунанд. Ва боз рӯзи дигар басти худро қабул мекунанд.

Дар давраи авҷи вируси нав 130 нафар табиб, ҳамшираҳо, парасторон, ва дигар кормандони хоҷагӣ ба хонаҳои худ намерафтанд, ки мабодо наздикони худро сироят кунанд. Онҳо баъди 15 шабу рӯзи корӣ бо навбат метавонанд барои хабар гирифтан ба хона рафта, дар ҳолатҳои вазнин баъди ду, се рӯз боз ба кор баргарданд.

Табиби сироятшинос А. Шокиров вобаста ба фаъолияти корияшон дар госпитал гуфт, ки бори аввал шаҳрвандони худамон ва хориҷӣ, ки шумораашон 134 нафарро ташкил мекард аз карантин гузаштанд. Баъдан бо сабаби сару либос ва шароити хуб надоштан 10 нафар табибон ҳам аз беморон сироят ёфтанд, ки шумораи умумиашон ба 44 нафар расид. Феълан то имрӯз беш аз 101 нафар баъди табобат шифо ёфта, ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Бо ҳамроҳии 34 нафар аз хориҷа омадаи карантин гузашта ва бо 10 нафар табиби худамон шумораи умуми 143 нафарро ташкил мекунад.

 -Айни замон (то 17.06.2020) сатҳи ин вабои аср коҳиш ёфта, дар беморхонаи мо 16 нафари табобат гирифта истодааст. Инҳо низ ҳама аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳастанд. Госпитали бемориҳои хатарнок ҳамаи он нафарони дар ҳолати вазнин бударо қабул мекунад. Беморони ҳолати сабуктарро духтурони минтақавӣ, тибби оилавӣ ба табобат фаро мегиранд, онҳоро дар хона худашон табобат мекунанд, – посух медиҳад ӯ. 

- Дар Госпитали бемориҳои хавфнок беморони аз рӯзи аввал қабул кардаамон то имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд байни беморон мардҳо бештар аз занҳо мебошанд. Ҳамчунин синну соли аксарияти беморон аз 50 сола болост. Мушкилот дар он аст, ки аксарияти ин беморон ба ҷуз бемории коронавирус бемории музмин доранд. Нафароне, ки тамокукашанд, бемории қанд, сил, илтиҳоби шуши кӯҳнашуда, диққи нафас доранд, гепатитҳое, ки вазнин гузаронидаанд, ҷигарошон хуб нестанд, ин гурӯҳ бемории коронавирусро вазнин мегузаронанд. Аз оғози кор ин тараф дар ҳамин самт як нафар писарбачаи ноболиғи 14 сола доштем вайро табобат карда ҷавобаш додем рафт. Дигар то имрӯз ҳеҷ ноболиғе дар госпитал бистарӣ нашудааст ва ба мо муроҷиат ҳам накардааст, иброз медорад табиб А. Шокиров

- Рӯзи 22 май вазъи саломатии ман тағйир ёфта, ҳарорати баданам баланд гардида, дигар паст нашуд. Ҳамчунин сулфа низ нороҳатам кард. Маҷбур шудам ба табибон муроҷиат кунам. Рафта рентген кардам, як шушам 15 фоиз ва шуши тарафи дигарам бошад 40 фоиз торик шуда буданд. Манро баъди рентген кардан дар Госпитали бемориҳои хатарноки шаҳри Кӯлоб хобонданд. Дар ҳақиқат табибон, ҳамшираҳо ва санитаркаҳо шабу рӯз дар хизмати мо буданд. Ман бе ҳолу мадор будам, ҳеҷ чизро намефаҳмидам. Шукронаи Худованди бузург дар муддати як ҳафта беҳтар шудам ва манро баъди сиҳат шудан, ҷавоб доданд ва таъкид карданд, ки дар хона як муддати муайян бояд худро карантин кунам. Ҳарорати бадани духтарам низ баланд шу,д ба духтур муроҷиат кардем ҳоло вайро табобат мекунанд. Вай 17 сола аст ва имунитеташ қавӣ аст умедворам ба осонӣ ин бемориро паси сар мекунад. Ман худам 53 сола ҳастам ва ростӣ ягон хел бемории кӯҳнае надоштам, ки омили вазнин гузаронидани бемориам шуда бошад. Ман дар дорухонае дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб кор мекунам. Худам хатогиамро фаҳмидам, ки ҳангоми кор бо муштариён бе ниқоб ва дастпӯшак кор кардам ва сироят ёфтам,– иброз медорад, Давлатёр Мирзоев аз бемории коронавиру шифоёфта аз ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб.

Имрӯз аз ҳар гӯшаву канори мамлакат дар хусуси табибон ҳарфҳои неку шоиста ба гӯш мерасад. Онҳо бо меҳру муҳаббат аз пизишкон изҳори сипос мекунанд, ки одамонро аз ин вабои нав наҷот медиҳанд. Имрӯз аз ҳар гӯшаву канори мамлакат дар хусуси табибон ҳарфҳои неку шоиста ба гӯш мерасад. Онҳо бо меҳру муҳаббат аз пизишкон изҳори сипос мекунанд, ки одамонро аз ин вабои нав наҷот медиҳанд. Мо низ ба ҳамаи шумо ТАШАККУР мегӯему дуогӯи саломатии шумоем, табибони ҳозиқ!

                                           Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб

Добавить комментарий