Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 июн 15:05АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Варзиш / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ва дар арафаи истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара майдончаи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба “Сафо” иттилоъ доданд, ин иншооти нави варзишӣ бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардида, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода иштирок намуда, ташаббуси аҳли деҳаро барои рушди соҳаи варзиш ва беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, сокинони деҳаи Себистон сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, дар корҳои ободони ву созандагӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Бунёди майдончаи варзишӣ намунаи равшани ҳамбастагӣ, ватандӯстӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби сокинони ин деҳа мебошад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




