Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
04 июн 16:53АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
Имрӯз дар мавзеи таърихии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оғоз гардид. Чорабинии 2-рӯза имкониятҳои сайёҳии вилоят ва Тоҷикистонро ба намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Дар Форуми байналмилалӣ, ки дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод баргузор мегардад, намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Эрон ва дигар давлатҳо иштирок доранд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Дар доираи форум намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, меҳмонон бо намунаҳои чакандӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ ва дигар анъанаҳои ҳунарии тоҷикон шинос шуданд. Таъкид гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ мебошанд.
Дар давоми 2 рӯз иштирокчиёни форум масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин вохӯриҳои соҳибкорӣ баргузор шуда, иштирокдорон лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, имкониятҳои нави ҳамкориро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, соли 2025 ба вилояти Хатлон беш аз 1 миллиону 647 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст, ки аз афзоиши таваҷуҳи сайёҳон ба минтақа ва рушди устувори соҳа шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки рушди сайёҳӣ барои пешрафти иқтисоди минтақа аҳамияти муҳим дошта, ба афзоиши ҳаҷми хизматрасонӣ, рушди соҳибкорӣ, фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва таъси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Форуми байналмилалии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва Тоҷикистон арзёбӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории нав заминаи мусоид фароҳам меоварад.
М. Акрамов,
"Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




