Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Дар шаҳри Бохтар, дар майдони 70-солагии Водии Вахш ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдулзода Зиёдулло, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаи маориф ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Саҳни майдон ба як олами рангини кӯдакон табдил ёфта, онҳо бо рақсу суруд, саҳначаҳои ҷолиб ва барномаҳои фарҳангӣ истеъдоди худро намоиш доданд. Ҳар як баромади онҳо бо кафкӯбиҳои гарми ҳозирин ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, ғолибони озмунҳо ва кӯдакону наврасони фаъол дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди истеъдоди насли наврас арзёбӣ гардид.
Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ироа намуд.
Зикр гардид, ки Рӯзи кӯдакон яке аз рӯзҳои пурфараҳ ва пурнишоти ҷаҳон ба шумор рафта, рамзи муҳаббат, ғамхорӣ ва эҳтиром ба насли наврас мебошад. Кӯдакон ҳамчун ояндаи дурахшони миллат ва неруи созандаи ҷомеа арзёбӣ мешаванд.
Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, ба масъалаи таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, сол ба сол шароити таҳсилу фароғати онҳо беҳтар мегардад. Имрӯз дар муассисаҳои томактабии вилоят беш аз 138 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Корҳо ҷиҳати зиёд намудани фарогирии кӯдакон идома доранд.
Ҳамчунин дар паём зикр гардид, ки тарбияи фарзанд масъулияти муқаддаси падару модар ва тамоми ҷомеа мебошад. Муҳити солими оилавӣ, муҳаббат ва таваҷҷуҳи доимӣ заминаи асосии ташаккули шахсияти солиму ватандӯст ба шумор меравад.
Дар ин баробар аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди зеҳни кӯдакон ишора карда шуд.
Дар қисми дигари чорабинӣ ба як қатор кӯдакону наврасони фаъол туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуд, ки ин лаҳзаҳо бо шодии кӯдакон ҳамроҳ гардид.
Дар анҷом барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони наврас пешкаши ҳозирин гардид, ки хотири иштирокдоронро болида гардонид.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар вилояти Хатлон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд, ки ба рушди маънавӣ ва рӯҳбаландии насли наврас мусоидат мекунанд.
М. Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР




