Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАҲНАВАРДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ ВА ФАЛАК
Шашмақом яке аз нодиртарин мероси фарҳангии миллати тоҷик буда, асрҳо боз бо оҳангҳои дилнишин ва маъниҳои амиқ қалби дӯстдорони санъати асилро тасхир мекунад. Дар замоне, ки аксарияти ҷавонон ба мусиқии сабуку зудгузар майл доранд, ҳастанд ҷавондухтароне, ки бо муҳаббат ба ҳунари аҷдодӣ барои ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ талош меварзанд. Толибзода Муслима аз ҷумлаи ҳамин ҷавонони соҳибистеъдод аст, ки бо садои марғуладор ва муҳаббати самимӣ ба шашмақому фалак роҳи ҳунари миллиро интихоб кардааст.
Шашмақом яке аз нодиртарин ганҷинаҳои фарҳангии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, асрҳо инҷониб қалби дӯстдорони мусиқии асилро тасхир намудааст. Ин санъати воло на танҳо маҷмуи оҳангу суруд, балки ойинаи таърих, маънавиёт ва ҷаҳонбинии миллати мост. Аз умқи асрҳо садои танбӯру доира ва овози дилнишини ҳофизони шашмақом моро ба олами ҳикмат, муҳаббат ва зебоӣ мебарад. Дар ҳар пардаи он дарди инсон, орзуи зиндагӣ, меҳри Ватан ва эҳсоси баланди инсонӣ таҷассум ёфтааст.
Дар ҷаҳоне, ки навои дилангези шашмақом садо медиҳад, ҳузури духтаре бо қалби саршор аз муҳаббат ба ҳунар басо фараҳбахшу умедофар менамояд. Ӯ бо чеҳраи ором, нигоҳҳои пурмаъно ва садои дилнишинаш гӯё пайванди дирӯзу имрӯзро зинда медорад.
Толибзода Муслима ҷавондухтарест, ки оромиши худро дар олами шашмақом ва фалак пайдо кардааст. Ҳарчанд ҷавон аст, вале садои марғуладораш аллакай қалбҳои пиру ҷавонро тасхир намудааст. Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар замири ӯ муҳаббат ба Ватан, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба ҳунари аҷдодӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Дар замоне, ки қисми зиёди ҷавонон бештар ба мусиқии эстрадиву зудгузар рӯ меоранд, Муслима барои ҳифзи арзишҳои миллӣ талош меварзад. Ӯ мекӯшад нозукиҳои ин санъати волоро аз худ намуда, мероси гаронбаҳои ниёгонро ба насли оянда расонад.
Ҳанӯз замони хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буданаш садои фораму ҷаззобаш дар саҳнаҳои зодгоҳаш танинандоз мегашт. Ӯ аз муҳаббат, орзуҳои ҷавонӣ ва эҳсосоти самимӣ месуруд. Ба гуфтаи худи ӯ, аз овони мактабхонӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок мекард, то бо ҳунараш дар қалби ҳамсолонаш меҳру муҳаббат ва умедро бештар намояд.
Маҳорати ҳунарии Муслима таваҷҷуҳи омӯзгорону волидонашро ҷалб намуд ва онҳо тавсия доданд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ширкат варзад. Ӯ дар ин озмун фаъолона иштирок намуда, бо садои фораму ҷаззобаш сазовори ҷойи дуюм гардид.
Воқеан ҳам, духтари шашмақомхон рӯи саҳна гулеро дар боғи фарҳангу маърифат ва зебоӣ мемонад. Ӯ бо табассуми малеҳ, латофату назокат ва навоҳои руҳнавоз фазои саҳнаро муаттар месозад. Ҳангоми сароидани мақом гӯё торҳои дил ба ларза меоянд ва муҳити саҳна аз меҳру самимият лабрез мегардад.
– Шашмақом ва эстрадаро дӯст медорам, вале ба фалакхонӣ бештар шавқ дорам. Аз давраи мактабхонӣ орзу мекардам, ки бо овози баланд суруд хонам. Дар ин роҳ модарам бештар маро дастгирӣ мекарданд ва имрӯз ҳам барои рушди ҳунарам пайваста маслиҳату роҳнамоӣ медиҳанд, – мегӯяд Муслима.
Шашмақом танҳо маҷмуи оҳанг нест, балки мактаби бузурги маънавият, эҳсос, сабру таҳаммул ва ҷаҳоншиносист. Ворид шудан ба ин олам аз инсон қалби пурэҳсос, андешаи амиқ ва иродаи устувор талаб мекунад. Ҷавондухтаре, ки роҳи шашмақомро интихоб намудааст, дар асл роҳи фарҳангу маърифат ва худшиносии миллиро пеш гирифтааст.
Толибзода Муслима зодаи ноҳияи Хуросон буда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо орзуи ба бар кардани хилъати сафеди ҳамширагӣ тибқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар дохил шуд. Айни ҳол донишҷӯи бахши аввали ин муассиса буда, ҳамзамон барои сайқали ҳунар бо мутахассисони соҳа ба эҷод ва тамрини сурудҳои нав машғул аст.
– Вақте дар Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок доштам, устод Қосимзода Шералӣ ба маҳорати ман баҳои баланд доданд ва тавсия карданд, ки бо аҳли ҳунар ҳамкорӣ намоям. Ин суханони устод ба ман руҳу илҳоми тоза бахшиданд ва аввалин қадамҳоямро ба олами шашмақом устувор сохтанд. Ҳоло ду сол мешавад, ки бо устодони санъати шашмақом, фалак ва оҳангсозон ҳамкорӣ дорам, – мегӯяд ӯ.
Муслима ҳар байти классикиро бо муҳаббат аз бар мекунад ва ҳар оҳангро бо эҳсоси хос месарояд. Барои ӯ шашмақом танҳо ҳунар нест, балки бахше аз ҳастӣ ва ҷаҳони ботинист. Ҳангоми иҷрои мақомҳо чеҳраи ӯ пур аз эҳсос мегардад ва шунаванда худро дар оламе эҳсос мекунад, ки дар он муҳаббат, вафо, сабр ва зебоӣ ҳукмфармост.
Ба гуфтаи ин ҷавондухтари хушсадо, ҳар бор рӯи саҳна ҳунарнамоӣ кардан барои ӯ мисли як имтиҳон аст. Хушбахтона, ӯ имрӯз аллакай бо садои марғуладораш мухлисони худро пайдо намудааст.
Бояд гуфт, ки чунин ҷавонони соҳибистеъдод идомадиҳандаи роҳи ҳунармандони бузурги миллатанд. Онҳо бо истеъдоду заҳмат собит месозанд, ки фарҳанги миллӣ ҳанӯз зинда аст ва дар қалби ҷавонон ҷойгоҳи устувор дорад.
Воқеан ҳам, ҷавондухтаре дар олами шашмақом рамзи латофат, фарҳангсолорӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад. Муслима бо ҳар суруд гӯё таърихи миллатро қисса мекунад ва бо ҳар наво қалбҳоро ба ҳам меорад. Маҳз чунин ҷавонони соҳибистеъдод метавонанд чароғи фарҳанги миллиро фурӯзон нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Махфират ШОИМОВА, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



