Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Имрӯз, 13 май, лоиҳаи азнавсозии марҳилаи дуюми Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, таъсиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азнавсозии Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси солҳои 2026–2030 - “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” бо маблағи умумии беш аз 4 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа пешниҳодҳои муҳим ҷиҳати муосирсозии фаъолияти китобхона ироа гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишии китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани китобхонаи электронӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин ҷалби мутахассисони соҳа ба омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар аз ҷумлаи ташаббусҳои пешниҳодшуда буданд.
Таъкид гардид, ки китобхона ҳамчун маркази маърифатӣ метавонад дар тарбияи ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон дар рӯҳияи китобдӯстӣ ва донишандӯзӣ нақши муассир гузорад. Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар асоси арзишҳои фарҳангӣ, бедор намудани шавқи мутолиа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аз вазифаҳои асосии чунин муассисаҳо арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки намои берунии бинои китобхона аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб азнавсозӣ шуда истодааст ва то моҳи сентябри соли ҷорӣ корҳо пурра ба анҷом мерасанд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз амалисозии чунин корҳои ободониву созандагӣ эҳёи суннатҳои деринаи китобдӯстии халқи тоҷик, ҷалби бештари кӯдакону ҷавонон ба мутолиа, ташаккули малакаҳои хониш, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли нав мебошад.
Инчунин пешбинӣ шудааст, ки бо истифода аз имкониятҳои китобхона аҳолӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бештар ҷалб гардида, маҳфилҳои адабӣ, намоишгоҳҳои китоб ва дигар барномаҳои муосири фарҳангиву маърифатӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими фазои маънавии ҷомеа дар вилояти Хатлон арзёбӣ мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД




