Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
“Шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Моҳи майи соли равон ҷаҳон 81-умин солгарди санаи муҳими таърихӣ – Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945-ро ҷашн мегиранд, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ. Ҷашни гирифтани ин рӯзи таърихӣ дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш, дарси далериву мардонагӣ ва дар руҳияи бузурги ифтихор аз гузаштагони қаҳрамони хеш тарбия кардани насли ҷавону наврас нақши бағоят муҳимро мебозад. Ҳаргиз миллати муборизи тоҷик қаҳрамонони худро, ки барои рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозиҳо намудаанд, фаромӯш намесозад.
Ҳаштоду як сол муқаддам халқҳои муттаҳиди Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи Ғалабаро дар ин ҷанг ба даст оварда буданд. Таҷлили ин санаи фаромӯшнашаванда, пос доштани хотираи неки қурбониён, родмардони Ватан ва заҳмати онҳост, ки мо ба ин рӯзҳои пурсаодат расидем. Пос доштани номи неки тоҷикони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» – абармардоне, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз ҷонбозиҳо намудаанд, аз хотири наслҳои имрӯз ва фардо густурда нахоҳад шуд.
Дар ин ҷанги мудҳиш ва озодкунии Ватан – собиқ СССР, зиёда аз 1710 шаҳр, 70 ҳазор деҳаҳои зист, зиёда аз 6 миллион иншоот ва корхонаҳо хароб гардида, беш аз 27 миллион нафар ҳалок шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин халқи собиқ Шӯравӣ қувваи бузурги хешро аз даст надод.
Диловарони арсаи ҷанг душманро бо ҳазорон тактикаҳои ҷангӣ торумор намуда, онҳоро дар ватани хеш саркӯб намуданд ва байрақи Ғалабаро дар Рейхстаг 9 майи соли 1945 ба боло бардоштанд.
Қаҳрамони матлаби мо яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фарзанди заҳматкаши деҳқони кӯҳистонӣ Ҳабиб Сафарови 102-сола мебошад. Ҳабиб Сафаров дар синни 19-солагӣ аз совхози «Қалъаи Дашт», деҳаи «Муъминобод», Ҷамоати деҳоти «Мискинобод» ба ҳимояи Ватан сафарбар шуда буд. Ҳабиби ҷавон дар он соле, ки ба ҷанг рафт, соли мағлуб шудани душман буд. Ӯро ба округи ҳарбии минтақаи Урал бурданд. Ҳабиб аз ҳамяроқонаш сабақи ҳарбӣ омӯхта, тарсу ваҳмро аз худ дур кард. Ба тарафи душман зарбаи ҷавобии нишонрас мезад. Ҳамин тавр Ҳабиб Сафаров аз соли 1944 то соли 1948 дар хизмати ҳарбӣ буд.
Ӯ дар озодкунии шаҳру деҳаҳои гирду атрофи округи ҳарбии Урал, Руминия ва Германия ва дар даҳҳо шаҳру навоҳӣ иштирок дошт. Ҳабиби ҷавон дар баталёни сапёрӣ хизматро идома дод, ки роҳбари он генерал Лебедев буд.
Ҳабиб Сафаров 102 сол дошта бошад ҳам, хотираи хубе дорад ва бемалол роҳ меравад. Сухани фаҳмову шунаво дошта, хотироти аз сар гузаронидаашро дар ин ҷанги хонумонсӯз ба хубӣ ёд дорад.
«Таърих ёд дорад, ки мардуми тоҷик ҷанги хонумонсӯзи фашистиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, зеро Давлати сотсиалистии Тоҷикистон як ҷузъи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин лиҳоз, дар ҷанги хонумонсӯз бар зидди фашизм зиёда аз 280 ҳазор нафар Тоҷикистониён иштирок карда, зиёда аз 50 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин зиёда аз 55 нафар аз ин иштирокчиён ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафари дигар сазовори ордени «Шараф» гардиданд», – иброз дошт ҳангоми суҳбат ин пири барнодил.
Ҳабиб Сафаров дар идомаи суҳбат иброз намуд, ки «Зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳем.
Наслҳои ояндаи мо бояд донанд, ки аҳдномаи 23 августи соли 1939 оид ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро тарафи муқобил вайрон карда, субҳи 22 июни соли 1941 ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз Германияи фашистӣ бо ҳамроҳии иттифоқчиёнаш, ки базаи ҳарбии пурқувват дошт, зиёда аз 190 дивизияро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард. Қариб тамоми саноати тобеи Аврупо ба ин давлат аслиҳа, техникаҳои ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ медоданд. Бонги хатар тавассути радио садо дод, ба тамоми давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ расонида шуд. Дар ин асно Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид», – ба ёд овард Ҳабиб Сафаров.
Соли 1948 Ҳабиб Сафаров бо тани сиҳат дар қатори ҳазорон аскарбачаҳои дар фронтбуда бо ғалабаи оламшумул бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ба зодгоҳаш баргашта, то соли 1964 дар совхози «Қалъаи Дашт» дар корҳои гуногун фаъолият кардааст.
Соли 1964 қисме аз бошандагони совхозро барои обод намудани диёр ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои таҳдашт ба хоҷагии ба номи Абдурозиқ Раҳмонови ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) муҳоҷир намуданд. Дар қатори онҳо аҳли оилаи Ҳабиб Сафаров низ ба ин минтақа оварда шуд. Ҳабиб Сафаров ҳамчун деҳқони кордида то ба нафақа баромадан дар пахтазор меҳнат намудааст.
Хизматҳои содиқонаи Ҳабиб Сафаровро роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қадр намуда, ӯро бо даҳҳо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонидааст. Ҳоло бобои Ҳабиб дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш хушу хурсандона зиндагӣ намуда, ҳаёти пирӣ ба сар мебарад.
Гарчанде аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон, санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Давлату Ҳукумати мамлакат қаҳрамониҳои ин фарзандони диловарро ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор дода, ҷонбозиҳои онҳоро баҳри ободиву озодии Ватан гиромӣ медоранд.
Баъди чанд соати суҳбат бо ин муйсафеди нуронӣ, ки хотироти басо ибратбахшу қаҳрамонӣ дорад, аз ӯ талаби дуо намудем.
Ӯ даст ба дуо бардошта, бо овози ларзону пур аз эҳсосот чунин гуфт:
«Ҳар як рӯзе, ки мо дар осоиштагӣ зиндагӣ мекунем, бояд аз он шукрона кард. Тинҷиву осоиштагии Ватан арзиши муқаддасе ба ҳисоб меравад, ки барои онро пойдор нигоҳ доштан ҳар як фарди худогоҳ бояд ҳиссагузор бошад. Бигузор дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошаду мардумонаш дар фазои орому осудагӣ хушу хурсандона умр ба сар баранд».
С. СУЛТОНОВ,
А. Иброҳимзода, н. Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ




