Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. «РӮЗИ ШАШМАҚОМ» ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Имрӯз, 8 майи соли равон, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ифтихори «Рӯзи Шашмақом» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, аҳли фарҳанг, ҳунармандон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни баромад ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бахшида ба «Рӯзи Шашмақом» самимона табрик намуда, ба аҳли фарҳангу ҳунар барои саҳми арзандаашон дар ҳифз ва рушди санъати миллӣ изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Шашмақом ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ дар тарбияи маънавии ҷомеа, ҳифзу муаррифии санъати асили тоҷикон ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, як қатор шашмақомсароён ва фаъолони аҳли фарҳанг барои саҳми арзандаашон дар рушди санъати миллӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони вилоят бо иҷрои суруду оҳангҳои классикии шашмақом, таронаҳои дилнишин ва барномаҳои рангини фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида сохтанд.
М. Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




