Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
К И Т О Б Д О Р
Китобдорӣ на танҳо касб, балки рисолати маънавист. Майрамбӣ Каримова, директори китобхонаи марказии ноҳияи Вахш бо фаъолияти пурсамари худ дар тарбияи ҷомеа дар руҳияи китобдӯстӣ ва маърифат нақши назаррас дорад.
Эҳтиром ба Ватан, ифтихор аз Тоҷикистони азиз ва дӯст доштани ҳар гӯшаю канори он аз мутолиаи дурусти китоб сарчашма мегирад.
Соҳибватани мо, сокини ноҳияи Вахш Майрамбӣ Каримова китобдор буда, дар ин ноҳияи шуҳратёр 8 сол боз ба ҳайси директори китобхонаи марказии ноҳия содиқона ифои вазифа дорад. Панди шоир ҳидоятгару роҳнамои ӯ ба сӯи китоб аст. Аз ин ганҷина дурри маънӣ меҷӯяд ва сокинони маҳал, бахусус наврасону ҷавононро дар руҳияи китобдӯстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасот тарбия менамояд:
Дар лавҳу қалам шоҳиди осор китоб аст,
Сарманзилу мақсуди гуҳарбор китоб аст.
Майрамбӣ Каримова барои расидан ба қуллаи мақсуд аз устодони хеш – омӯзгорони мактаби миёна ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо эҳтирому самимият ёдовар мешавад. Маҳз заҳмати устодонаш буд, ки ӯ дар зиндагӣ комёб гардида, ба мақсуди хеш расид.
Ӯ аз падараш Абдубаён Каримов, ки дар замони Шуравӣ бо Лауреати мукофоти давлатӣ сарфароз гардида буд ва аз модари бузургвораш Раҷабгул Каримова, ки 11 нафар фарзандро ба камол расониданд, сипосгузор аст. Зеро устодони нахустини Майрамбӣ маҳз волидонаш буданд.
Нақши занону бонувони ноҳияи Вахш дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз бениҳоят бузург аст. Майрамбӣ Каримова низ яке аз чунин занони фаъол буда, дар кору мавқеи худ устувор аст. Чунин занони меҳнатдӯст дар ноҳия зиёданд ва онҳо аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд.
Дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Вахш, ва Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода, 15 сол ба ҳайси овозхон ва муовини мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия адои вазифа намуда, ҳоло ҳамчун директори Китобхонаи марказии ноҳия фаъолият дорад. Ӯ суханони ҳикматомези Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор додааст: «То китоб ҳаст, ҳақиқат пинҳон намешавад, то китоб ҳаст, мо аз равшанӣ бархурдорем, то китоб аст, зиндагӣ маънӣ дорад».
Дар дили фарзанд меҳру муҳаббат ба китобро пеш аз ҳама модар ҷой медиҳад. Модар, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва бузургӣ аст, бо тамоми ҳастӣ мекӯшад фарзандаш соҳибмаърифату донишманд гардад. Майрамбӣ Каримова, ки худ модар аст ва ягона фарзандаш Ҷамшед ифтихори ӯст, талош меварзад, ки насли наврасро бештар ба китобхонӣ ва китобхонаҳо ҷалб намояд:
Беҳтарин ёри вафодор китоб асту китоб,
Ёри беминнату озор китоб асту китоб.
Китоб ҳамрозу ҳамдам ва ҳамнишини беозор буда, ба инсон болу пар мебахшад ва панди маънавӣ медиҳад. Модар бошад, дар қалби фарзанд ин меҳрро фурӯзон нигоҳ медорад.
Бунёди китобхонаи марказии ноҳияи Вахш бо дастгирии роҳбарияти ноҳия ва саҳми аҳли ҷомеа шароити фаъолияти китобдоронро беҳтар намуда, имкониятҳои муосир фароҳам овардааст. Имрӯз фаъолияти онҳо дар муҳити замонавӣ идома дорад.
Дар ин боргоҳи маърифат ва 18 китобхонаи зертобеи он 83 ҳазору 401 нусха китобҳои гуногун дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамзамон, китобхонаи сайёр низ ба сокинон хизмат мерасонад. Дар назди китобхона панҷ маҳфил амал мекунад, ки маҳфили фарҳангии «Гулбарг» аз фаъолтарин маҳфилҳо маҳсуб меёбад.
Омӯзгор ва директори китобхонаи марказии ноҳияи Вахш Майрамбӣ Каримова бо кору пайкори созанда, амалҳои инсондӯстона ва татбиқи иқдомҳои наҷиб миёни сокинон обрӯ ва мақоми хоса дорад. Ӯ бар он назар аст, ки: «Ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мегардад».
Майрамбӣ Каримова дар корҳои ҷамъиятии ноҳия низ фаъол буда, талош дорад, ки мардум ба қадри арзишҳои милливу фарҳангӣ, бахусус китоб, забон ва фарҳанги миллӣ бирасанд. Ба андешаи ӯ, шахсони босаводу донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи хаторо интихоб намекунанд, ҳамеша ба қадри давлату миллат ва Ватани азизи худ мерасанд.
Воқеан, маънии зиндагӣ дар дарки арзишҳо, эҳтиром ба сулҳу субот, истиқлолият ва ватандорист. Ин арзишҳо, ба гуфтаи ӯ, қарзи имонӣ ва виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Саидзода Шералӣ,
ноҳияи Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ



