Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дастони пурэъҷоз
Дар маркази шаҳри Кӯлоб соли 2015 бо ташаббуси ҳунарманди асил Мавлуда Сафарова «Маркази чакан» таъсис ёфт. Тули фаъолияти пурсамари худ ин марказ ба макони эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкории занон табдил ёфта, миёни мардум маҳбубияти хос пайдо кардааст.
Мавлуда Сафарова дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, ба воя расидааст. Падараш солҳои зиёд дар якчанд хоҷагиҳои давлатии ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҳамчун роҳбар фаъолият намудааст. Маҳз бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои падар ӯ мисли дигар фарзандони оила таҳсил намуда, соҳибмаълумот гардид. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бомуваффақият хатм карда, чандин сол дар беморхонаи марказӣ ва Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳр сарбаландона фаъолият намуд.
Ин бонуи заҳматқарину фаъол дар баробари омӯзиши илму дониш ба ҳунарҳои мардумӣ низ шавқу ҳаваси беандоза дошт. Дар овони наврасӣ аз модараш холаи Нишаста, ки ҳунарманди ботаҷриба ва чирадаст буд, нозукиҳои ҳунари чакандӯзиро омӯхта, аз худ намуд.
«Вақте ки хонадор шуда, ба ноҳияи Муъминобод рафтам, ҳамаи кӯрпаву болиштҳо, чодар ва бархе аз ҷиҳози арӯсиамро ҳамроҳи модарам аз чакан омода карда будем, – мегӯяд Мавлуда Сафарова. – Он вақтҳо мардум ба чакандӯзӣ кам таваҷҷуҳ доштанд. Ҳамсояҳо омада, бо ҳайрат тамошо мекарданд. Вақте фаҳмиданд, ки ҳамаи ин маҳсули дасти ман аст, хоҳиш карданд, ки ин ҳунари қадимаи ниёгонро ба онҳо омӯзонам».
Бо афзоиши талабот ба ҳунарҳои мардумӣ ва зиёд шудани хоҳишмандон ба чакану гулдӯзӣ, Мавлуда боз ба дунёи ҳунар баргашт. Дар муддати кӯтоҳ бо дастони пурэъҷоз ва маҳорати воло миёни мардум шуҳрат пайдо кард.
Ӯ ифтихор дорад, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд. Бо ҳамин ташаббус чакан ҳамчун намунаи ҳунари волои мардуми тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид шуд.
Дастгириҳои Ҳукумати кишвар, гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои равнақи ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолияти чунин марказҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Бо истифода аз ин имкониятҳо Мавлуда Сафарова соли 2015 дар маркази шаҳри Кӯлоб корхонаи дӯзандагии «Маркази чакан»-ро таъсис дод. Имрӯз дар он 28 нафар занону духтарон ба қаламзанӣ, поракунӣ ва дӯхтани чакан машғуланд.
Ба гуфтаи директори марказ барои чакан ва гулдӯзӣ матоъ ва риштаҳои баландсифат харидорӣ мешаванд. Матоъҳо шуста, омода гардида, баъдан пора ва ранг карда мешаванд.
Маҳсули дасти гулчеварони Марказ - куртаҳои чакан, сарандоз, кӯрпача, болишт, дастархон ва дигар навъҳои гулдӯзӣ на танҳо дар Кӯлоб, балки дар Душанбе ва вилоятҳои Суғду Бадахшон низ муштариёни зиёд доранд.
Ин маҳсулот дар намоишгоҳу озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, сазовори баҳои баланд гардидаанд. Сайёҳони дохилию хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Чин ва дигар давлатҳо ҳангоми боздид аз шаҳри Кӯлоб ҳатман ба «Маркази чакан» омада, аз тамошои ҳунари волои чакандӯзон таассуроти нек мебардоранд.
Мавлуда Сафарова соли 2018 соҳиби Гранти раиси вилояти Хатлон, соли 2022 соҳиби дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолиби озмуни Гранти Президентӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ гардид.
Ин ҳунарманди номдор дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон баргузор шудаанд, иштирок намуда, исму нуфузи Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, соли гузашта дар ошёнаи якуми «Маркази чакан» толори варзишӣ таъсис дод. Акнун занону духтарон метавонанд тавассути 14 навъи асбобу дастгоҳҳои варзишӣ ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Дар интихоботи соли 2025 Мавлуда Сафарова вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид, ки ин нишонаи эътимоду эҳтироми мардум ба фаъолияти ӯст.
Оре, ин зани меҳнатқарин баракати рӯзгор ва саодати зиндагиро тавассути меҳнати ҳалол ба даст овардааст. Имрӯз ӯ бо ҳамсар ва фарзандонаш рӯзгори ободу осоишта дорад ва ҳама комёбиҳояшро самари заҳмати софдилона ва ҳунари худодод медонад.
Шоир дар ҳаққи чунин ҳунармандон фармудааст:
Ба поён расид косаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ кисаи пешавар.
Аъзам Бобоев, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ



