Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо ибтикори сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин, дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаи маориф, миёни хонандагону омӯзгорон ва дигар қишри ҷомеа озмуни “Китобхони беҳтарин” роҳандозӣ гардида, 19 нафар ғолибон бо сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин хусус мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Умед Эшонзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки дар ин озмун 463 нафар иштирокчиён муддати як моҳ рақобат намуда, дар натиҷа 19 нафар ғолибият ба даст оварданд.
Баргузор гардидани ин озмун имкон фароҳам овард, ки беҳтаринҳо муайян гардида, минбаъд дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” фаъолона иштирок намоянд.
Зикр гардид, ки бо эълон гардидани солҳои 2026 – 2030 ҳамчун Солҳои фарҳангӣ китобхонӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон озмунҳои гуногун баргузор гардида, озмуни “Китобхонӣ беҳтарин” дар ноҳияи Ҷайҳун низ дар заминаи ин ташаббус роҳандозӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки дар маросими ҷамъбасти озмун сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ва намоянда аз ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуда, ба ғолибон маблағи 16 ҳазор сомонӣ, 5 адад телевизор ва дигар туҳфаҳоро тақдим намуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД 14:55ХАТЛОН: ИҶРОИ НАҚШАИ ҚАБУЛИ ПИЛЛА БА 76,9 ФОИЗ РАСИД 14:32ХАТЛОН: СОДИРОТИ 200 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ 14:28МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 14:18ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ОФАРАНДАИ ФАРДО 14:23ХАТЛОН: РАВАНДИ БАРҚАРОРСОЗИИ КАНАЛИ ОБРАСОНИ ЁВОН-АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ–ХУРОСОН ЗЕРИ НАЗОРАТИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ 14:13ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА 14:06ХАТЛОН: СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ ТАВСЕА МЕЁБАД 14:01
Серхонандаҳо
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
Дастони пурэъҷоз
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ
К И Т О Б Д О Р




