Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
Аз зумраи қаламкашони умедбахшест, ки ҳанӯз аз овони 14-солагӣ нури истеъдод дар сиришташ таҷаллӣ намуда, бо шеъру таронаҳои содаву дилнишин дар арсаи эҷод қадамҳои устувор гузошт. Нахустин шеъраш дар васфи модар буд ва баъдан интишори аввалин маҷмуаи эҷодиёташ бо номи «Гули бодом» Шабафрӯзро миёни доираҳои адабӣ муаррифӣ кард.
Шеъру таронаҳои эҷодкардаи ӯ танҳо баёни розу ниёз ва дарду нидои зиндагии тайкардааш нестанд, балки паёми умедбахше мебошанд, ки ба дилҳо суруру нишот, умеду хушбинӣ ба ояндаи нек мебахшанд. Дар давраи фаъолияташ дар ҷодаи рӯзноманигорӣ низ нигоштаҳои Шабафрӯзи ҷавон паёми умедбахше буданд, ки насли ҷавони даврони Истиқлолро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия мекунанд.
Солҳои иштирок дар маҳфилҳои адабии «Хайрандеш» ва маҳфили адибони ноҳияи Вахш – «Гулбарг», ки дар рушди истеъдод ва сайқали афкору андешаҳои ватандӯстонаи ӯ нақши муассир гузоштаанд, дар баробари эҷоди назм ӯро ба арсаи рӯзноманигорӣ низ роҳнамоӣ карданд. Маҳз дар ҳамин марҳила бо қадамҳои устувор дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҷаҳони андешаву хаёлоти ширинаш дар муҳтавои матлабҳо ва чакидаҳои эҷодиаш таҷассум меёфт.
Андешаҳои созанда ва мавқеъгириҳои ӯ дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа, талошҳояш ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҳамдиёрон ба тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, инчунин, гуфтору пиндорҳои инсондӯстона, Шабафрӯзро миёни дӯстдорони каломи бадеъ ва хонандагони матлабҳои расонаӣ номвару соҳибэҳтиром гардонданд.
Ӯ соли 1980 дар хонаводаи коргари одӣ дар ноҳияи имрӯзаи Кӯшониён чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фаъолияти рӯзноманигориро соли 2002 аз нашрияи «Бохтар»-и собиқ ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) оғоз намуд. Давоми ду соли аввал худро ҳамчун ҷавони лаёқатманду дорои хислатҳои ҳамида нишон дода, ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи мазкур таъйин гардид.
Соли 2008 барои идомаи фаъолияти касбӣ ба маркази вилояти Хатлон омада, нахуст ҳамчун мухбир дар Ширкати телевизион ва радиои мустақили «Қӯрғонтеппа» фаъолият бурд. Ҳамзамон, дар Коллеҷи омӯзгории маркази маъмурии вилояти Хатлон таҳсил кард.
Аз соли 2010 фаъолияти касбии худро ҳамчун ходими адабии рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» идома дод.
Соли 2015 дар назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш рӯзномаи соҳавии «Нури маърифат» таъсис дода шуд ва роҳбарӣ ва фаъолияти он ба уҳдаи ӯ вогузор гардид.
– Нашрияи «Нури маърифат» яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи маорифи ноҳия маҳсуб меёбад. Ин нашрия дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, руҳбаландии омӯзгорон ва бедор намудани завқу истеъдоди наврасону ҷавонон нақши муҳим бозид. Он оинае буд, ки дар он набзи рӯзмарраи мактабу маориф, ҳаёту фаъолияти омӯзгорон ва дастовардҳои хонандагони ноҳия инъикос меёфт, – ба ёд меорад Шабафрӯзи Муқим.
Дар ин миён ӯ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намуд.
Бо назардошти таҷрибаи касбӣ, соли 2022 Шабафрӯз ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш таъйин гардид ва то имрӯз ин масъулияти муҳимро бар дӯш дорад.
Ҳоло ӯ дар баробари фаъолияти касбӣ дар курси сеюми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамеша саршори илҳоми эҷодӣ мебошад. Дурдонаҳои аз олами маънӣ барчидааш дар китобҳои «Гули бодом», «Қисматсарои миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд.
Тавре худ иқрор мешавад, иҷрои рисолати касбиро дар мадди аввал гузошта, бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Вахш» ҷиҳати инъикоси саривақтии хабару рӯйдодҳои муҳими ноҳия, кору фаъолияти заҳматкашони саҳро ва пешқадамони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи диёри зархези Вахш саъю талош менамояд. Барои хизматҳои шоиста дар ҷодаи касбӣ борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
– Дар баробари пайгирии муҳимтарин хабару рӯйдодҳои ноҳия, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа низ аз мавзуъҳои доимии мавриди таваҷҷуҳи ҳайати эҷодии рӯзномаи «Вахш» мебошад.
Дар партави ҳадафҳои созанда, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардиданд, мо ҳайати эҷодии нашрия таблиғу ташвиқи масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро рисолати касбии худ мешуморем. Ҳамчунин, роҳнамоии занону ҷавонон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти ноҳия ва ободии диёри аҷдодӣ барои мо аҳамияти хоса дорад, – мегӯяд сармуҳаррир Шабафрӯзи Муқим.
Ҳаёту фаъолияти пурбор ва талошҳои ватандӯстонаи бонувони шоиста, монанди Шабафрӯзи Муқим, барои насли ҷавон, бахусус духтарон, намунаи ибрат мебошанд.
Шабафрӯз аз ҳаёти оилавӣ соҳиби се фарзанди нозанин аст. Ӯ шебу фарози зиндагиро имтиҳони қисмат дониста, барои амалӣ намудани орзуву ормонҳои худ пайваста гомҳои устувор мегузорад.
Соли 2022 тақдир ӯро аз такягоҳи боэътимод – модари бузургвораш маҳрум сохт. Аммо ба панди ҳаётии ӯ такя намуда, бо иродаи қавӣ сахтиҳои рӯзгорро паси сар мекунад. Ҳангоми ёди чеҳраи биҳиштии модар ва суҳбатҳои гарму руҳбахши ӯ, ба қавле, алам аз қалам мегирад ва шеъри наве дар васфи модар меофарад.
Шаш ҷиҳат дидам саропо зеби дунё модарам,
Ҳамчу моҳи чордаҳ ҳастӣ, ту зебо модарам.
Мисли модар нест дигар кас азизу меҳрубон,
Мардумаксон гаштаӣ, дар дидаам ҷо модарам.
Дӯст дорам модарамро бештар аз ҷони худ,
Эътиборат аз Сурайё ҳаст боло модарам.
Нур меборад зи рӯят чун зи рӯи офтоб,
Эй ту ҳам зебою ҳам мақбули дилҳо модарам.
Шеърҳои Ҳофизу Бедил бихонад субҳу шом,
Посбони лафзи худ ҳам боғи маъно модарам.
Як Шабафрӯзам намудам васфи ӯ дар шеъри худ,
Узр хоҳам гар бигуфтам ҳарфи ноҷо модарам.
Юсуфи Собир,
н. Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД 14:55ХАТЛОН: ИҶРОИ НАҚШАИ ҚАБУЛИ ПИЛЛА БА 76,9 ФОИЗ РАСИД 14:32ХАТЛОН: СОДИРОТИ 200 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ 14:28МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 14:18ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ОФАРАНДАИ ФАРДО 14:23ХАТЛОН: РАВАНДИ БАРҚАРОРСОЗИИ КАНАЛИ ОБРАСОНИ ЁВОН-АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ–ХУРОСОН ЗЕРИ НАЗОРАТИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ 14:13ҲАБИБ САФАРОВ. ЗИНДАГИНОМАИ ҚАҲРАМОНИ 102 – СОЛА 14:06ХАТЛОН: СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ ТАВСЕА МЕЁБАД 14:01
Серхонандаҳо
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
Дастони пурэъҷоз
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ
К И Т О Б Д О Р



