Бойгонӣ
Май 2026 (21)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)

ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ

Китоб аз замонҳои қадим ҳамчун сарчашмаи маърифат ва чароғи роҳи зиндагии инсон эътироф гардидааст. Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон ҷаҳонбинӣ пайдо карда, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро аз насл ба насл мерос мегузорад. Дар ҷомеаи имрӯз низ шахсоне ҳастанд, ки бо муҳаббати беандоза ба китоб ва рисолати маърифатпарварӣ барои рушди фарҳанги китобхонӣ хизмат мекунанд. Қурбонгул Раҷабзода аз зумраи чунин бонувони фаъол мебошад, ки тамоми фаъолияти худро ба тарғиби китобу китобхона ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа бахшидааст.
Қурбонгул Раҷабзода аз зумраи бонувони хушбинест, ки сарчашмаи хушбахтӣ ва муваффақиятҳои зиндагиро ба рӯ овардани ҷомеа ба китоб ва китобхонаҳои оммавӣ марбут медонад. Ба андешаи ӯ, гузаштагонамон чунон шавқу рағбат ба китобхониро дар қалби мо ҷой додаанд, ки бо гузашти айём ин нури муҳаббат ба китоб ҳамчун роҳнамои зиндагӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки насли ояндаро китобхон ва арҷгузор ба арзишҳои аҷдодӣ тарбия намоем.
-Чун дигар ҳамсолонам аз мавсими кишти пунбадона то ҷамъоварии ҳосили пахта ва ғӯзапоя дар заминҳои хоҷагӣ кор мекардем. Реҷаи кору зиндагии мо аз субҳи содиқ бо тозагии хона ва рӯбучини ҳавлӣ оғоз ёфта, баъдан ба сӯи мактаб мешитофтем. Пас аз анҷоми дарсҳо боз ба корҳои саҳро ҷалб мегардидем ва танҳо шабонгоҳон ба иҷрои вазифаҳои хонагӣ машғул мешудем. Бо вуҷуди ҳамаи ин саргармиҳо, дунёи зебои худро доштем, аз ҷумла барои мутолиаи китобҳои бадеӣ низ вақт меёфтем ва дар роҳ ба мактаб ё ҳангоми кор дар саҳро асарҳои хондаамонро ба ҳамдигар нақл мекардем.
Бо вуҷуди шавқу алоқаи зиёд ба китобҳои бадеӣ, ҳаргиз тасаввур намекардам, ки рӯзе ҳамчун китобдор ба дӯстдорони каломи бадеъ хизмат хоҳам кард, – бо табассум қисса оғоз кард директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ.
Ба гуфтаи ӯ, меҳру муҳаббаташ ба китоб аз муҳити оила сарчашма мегирад. Падараш аз омӯзгорони сахтгир ва соҳибтаҷриба дар тарбияи насли наврас буд. Бо ҳидояти падар шавқи зиёде ба мутолиаи китобҳои бадеӣ пайдо кард ва китобхона барои ӯ ба макони дӯстдошта табдил ёфт.
Бо гузашти вақт китоб ба дӯсти содиқ, ҳамрози орзуҳо ва чароғи роҳнамои зиндагии ӯ табдил ёфт. Аз ҳар асари мутолиашуда ғизои маънавӣ мегирифт. Дар он айём падару модарон дар баробари ташвиқ ба илму донишандӯзӣ, таваҷҷуҳи фарзандонро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ низ ҷалб менамуданд. Маҳз ҳамин муҳити солими маънавӣ ва тарбияи дуруст дар оила сабаб гардид, ки баъд аз хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва идомаи таҳсил рӯ оварад.
Аммо соли хатми мактаб ба давраи нооромиҳо рост омад ва Қурбонгул аз идомаи таҳсилоти касбӣ муваққатан бенасиб монд. Ӯ се соли дигар дар хоҷагӣ фаъолият карда, баъд аз издивоҷ тамоми ҳастии худро ба нигоҳубин ва тарбияи фарзандон бахшид.
Бо гузашти солҳо, дилбастагии ӯ ба илму фарҳангро дида, ҳамсараш иҷозат дод, ки фаъолияти худро аз Филиали китобхонаи №4 маҳалли зисташон оғоз намояд. Аз соли 2005 ҳамчун китобдор дар Китобхонаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият кард. Солҳои 2007–2008 ба ҳайси котиб-коргузори МТМУ №7 шаҳри Бохтар кор карда, баъдан ба сифати китобшинос дар Китобхонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ фаъолият намудааст.
Ба андешаи ӯ, оила макони муқаддасест, ки инсон дар баробари парвариш ва эҳсоси меҳру муҳаббати волидон, ҳамчунин маънии зиндагӣ, меъёрҳои инсонӣ ва арзишҳои миллиро меомӯзад. Бешак, ҷавонони донишманду бофарҳанг дар оилаҳое ба воя мерасанд, ки фарҳанги китобхонӣ аз насл ба насл мерос мондааст.
-Ба шарофати интихоби пешаи китобдорӣ тавонистам таваҷҷуҳи фарзандонамро аз хурдӣ ба китоб ҷалб намоям. Шукр, ки бо истифода аз ганҷинаҳои маърифатӣ чор фарзандро дар руҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардам, ки имрӯз ҳар яке дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кардаанд, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Қурбонгул Раҷабзода соли 2025, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид, дар рушди соҳаи китобдорӣ таҳаввулоти муҳими фарҳангӣ ба амал омад. Таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба китобу китобхонаҳо, инчунин, ғанисозии хазинаҳои адабии китобхонаҳо аз дастовардҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Аз ҷумла, соли 2025 аз ҳисоби буҷети шаҳри Бохтар 650 нусха китоби тозанашр харидорӣ гардид. Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба шаҳри Бохтар «Корвони китоб» ташриф меорад, ки дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба китоб нақши муҳим дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам ҷалби донишҷӯён ба китобхона нисбатан кам ба назар мерасад, аммо хушбахтона, фаъолнокии наврасон ва ё хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар сол аз сол афзоиш меёбад. Бо дарназардошти он ки аз 55 ҳазор нусха китобҳои мавҷуда аксарашон ба забони русӣ мебошанд, китобхона тасмим дорад минбаъд хазинаи худро бо китобҳои тозанашри адибони тоҷик ғанӣ гардонад.
Ҳамчунин, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобдорон тасмим гирифтаанд, ки тавассути хизматрасонии сайёр китобҳои бадеиро ба коргарони идораҳо, ташкилотҳо ва сокинони маҳаллаҳо дастрас намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, китобдорон мисли омӯзгорон муаррифгари илму фарҳанг буда, бояд бо муоширати нек ва ҳамкорӣ бо ҷомеа мардумро ба китобу китобхона ҷалб намоянд.
Дар ҳақиқат, муҳаббати беандоза ба каломи бадеъ ва ҷозибаи маъбади китоб ӯро ангеза бахшид, ки дар мавриди таваҷҷуҳи миллати тоҷик ба китобдорӣ дар масири таърих таҳқиқоти илмӣ барад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, бонувони даврони истиқлол бояд бо азбар намудани илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир сазовори бовариву эътимоди халқу Ватан бошанд.

Юсуфи Собир
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019