Бойгонӣ
Февраль 2026 (24)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)

ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Зеро соли 1948 маҳз дар ҳамин рӯз Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд, ки аз 30 модда иборат буда, он сарчашмаи аввалини ҳуқуқи байналмилалии муосир ба ҳисоб меравад.
Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар андозем, маълум мегардад, ки аввалин санади ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён – нахустин империяи ҷаҳонӣ аз ҷониби бунёдгузори он Куруши Кабир, ки ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ ва ҷаҳонкушо шинохта шудааст, ба тасвиб расида буд. Сарчашмаҳо аз корномаҳои бузурги таърихии ӯ шаҳодат медиҳанд.
Куруши Кабир ҳамчун шоҳ ва сиёсатмадори барҷаста дар таҳкими давлатдории форсу тоҷик нақши бузург дошта, барои қудрату шуҳратмандии он хизматҳои мондагоре анҷом додааст.
Бо дарназардошти нақши таърихии Куруши Кабир ва аҳамияти Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2024) ба масъулини соҳа супориш дода буданд, ки барои таҷлили 2550 - солагии Эъломияи Куруши Кабир маводи заруриро таҳия намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун нахустин ҳуҷҷати таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон эътироф шудааст. Он яке аз санадҳои пурқимати таърихии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар он масоили рушди давлатдорӣ, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба озодӣ ва дин дарҷ гардидаанд.
Куруши Кабир подшоҳи адолатхоҳ, ҳақиқатпарвар ва мардумдӯст буд. Устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филология, профессор Ҷумъахон Алимӣ дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки бисёре аз олимону донишмандони Юнону Рим ва дигар кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсати одилона, инсондӯстӣ ва ҷасорати Куруши Кабир маълумоти арзишманд баён намудаанд. Аз ҷумла Диодорус Сикулус чунин овардааст: «Куруш дар ҷанг на танҳо марди далер буд, балки дар муомила бо тобеонаш низ ғамхору инсондӯст буд. Ва ин буд, ки порсҳо ӯро Падар мегуфтанд». Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо дарки Куруш, аз ҷумла таърихшиноси замони қадим Плутарх менависад, ки «Куруш ба ёди Куруши қадим ном гирифтааст ба шарафи офтоб, зеро ки Офтоб дар порсӣ Куруш аст».
Баъзе ҷанбаҳои маросими тоҷгузории подшоҳони нав дар Порс низ ба хотираи Куруш алоқаманд буданд, ки Плутарх, аз ҷумла, дар бораи он чунин хабар медиҳад: «Он, ки ташаббускор ба маъбад медарояд, либоси худро кашида, либос мепӯшад, ки Куруши қадим пеш аз он ки чӣ тавр ба тахт нишастанашро ба бар дошт».
Ҳеродот – олими Юнони қадим (ӯро падари таърих низ меноманд), навиштааст, ки Куруш «Озодкунанда»-и порсҳо маҳсуб мешуд, зеро вай онҳоро аз «ғуломии миёна» раҳо карда, ба ҷойи «ғулом» «оқо» кардааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Куруши Кабир баъди ташкили империяи бузург нақша дошт, ки давлати дигари пуриқтидори он давра – Бобулро низ забт намояд. Соли 539 пеш аз милод, баъди омодагиҳои хуб ба Бобул лашкар кашид. Моҳи августи соли 539 то милод лашкари ориёиҳо дар назди шаҳри Опис (соҳили рӯди Даҷла) ба лашкари Бобул ба ҷанг даромад. Баъди муҳорибаи аввалин бобулиҳо ба дохили шаҳр даромада, паноҳ бурданд. Девори қалъа на танҳо шаҳр, балки бахши деҳот, боғот, заминҳои корамро иҳота мекард ва рӯди Фурот аз дохили шаҳр мегузашт. Бобулиён метавонистанд муддати зиёд бо хӯроку об таъмин бошанд. Барои ҳамин Куруш фармон дод, ки маҷрои рӯди Фуротро дигар кунанд ва лашкараш бо роҳи маҷрои хушкида вориди шаҳр шавад. Сипоҳи ориёиҳо вориди шаҳр гашт ва бобулиҳо бе ҷанг таслим шуданд. Мардум аз Куруш зулму куштор не, баръакс меҳрубонӣ диданд. Шоҳи Бобул Набонид асир афтод, вале Куруш ӯро озод намуд.
Нависандаи номдор Барот Абдураҳмон дар романи таърихиаш «Куруши Кабир» менависад, ки Куруш шоҳ Набонидро ҳокими музофоти Кармания, ки дар қисмати шарқии кишвар воқеъ аст, таъйин намуд. Аз рӯи маълумоти муаррих Берос подшоҳи Бобул Набонид баъди таслим шуданаш аз рӯи шафқати Куруш ба Кармания фиристода мешавад ва он ҷо боқии умрашро ба сар мебарад. Дар Бобул асирони зиёде аз ҳар гӯшаю канори Осиёи Наздик нигоҳ дошта мешуданд. Табақаҳои поёнии ҷамъият аз омадани лашкари ориёиҳо хурсанд шуда, мунтазири дигаргуниҳои иҷтимоӣ буданд. Лашкари Куруш бе хунрезӣ вориди Бобул гардид, мардумро аз зулми Набонид наҷот дод ва мардум ӯро чун шоҳи нав пешвоз гирифт ва мувофиқи русуми онҳо дар ибодатгоҳ тоҷгузорӣ намуд. Куруш ба мардум ваъда дод, ки амнияти онҳо таъмин карда мешавад. Асирони Бобулро озод кард ва иҷозат дод, ки ба ватанашон баргарданд.
Барот Абдураҳмон дар романи «Куруши Кабир» аз ҷумла чунин овардааст: «Куруши Кабир қавми бани Исроилро аз асорат раҳонида, ба онҳо изҳор намуд: «Ҳар касе, ки азми Ватан дорад, бигузор роҳи Ирусалимро пеш гирад. Ба касони бечораю бенаво аз хазинаи шоҳаншоҳӣ харҷи роҳ ва улову астар дода хоҳад шуд». Дар Бобул махсусан, яҳудиёни асир бисёр буданд. Куруш ба яҳудиён рухсат дод, ки ба Исроил раванд ва чун пештара зиндагонӣ кунанд. Ӯ озодии пайравӣ ба дину оинро эълон намуд: «Ман, Куруш, шоҳаншоҳи бузург, аз дудмони Ҳахоманиш, аз насаби ориёӣ! Ман худоёни Ошуру Сумеру Акадро, ки Набонид зӯран аз манзилашон ба Бобул оварда буд, ба дайру маъбади собиқашон баргардондам. Ман, Куруш, ба ҳамаи худоён эҳтиром мегузорам».
Эъломияи Куруши Кабир (593-530), ки соли 539 пеш аз милод қабул гардида буд, соли 1879 дар Бобул аз тарафи бостоншиноси Бритониё Хормуз Расом кашф шуд, ки он ҳамчун аввалин ҳуҷҷати таърихӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар тамоми дунё эътироф шудааст. Ин эъломия аз 39 модда иборат буда, сиёсати инсонпарваронаи Куруши Кабир – ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро таҷассум менамояд, ки баъди фатҳи давлати пурқудрат – Бобул ба ҷойи зулму истибдод роҳи сулҳу озодӣ ва таҳаммулпазириро интихоб намуд. Аз ҷумла, дар моддаи 1-и Эъломия омадааст:
«Ҳамаи одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози ҳайсият ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд. Онҳо бояд нисбат ба якдигар монанди бародар рафтор намоянд». Ҳамчунин дар моддаҳои 3, 5, 7, 9, 10 мутаносибан чунин омадааст:
«Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад».
«Ҳеҷ касро набояд мавриди зулму шиканҷа ё рафтори таҳқиромез, ё хилофи инсонӣ ва шаъни башар қарор дод».
«Ҳама дар назди қонун баробар ва ҳақдоранд бидуни бартарӣ аз ҳимояти қонун бархӯрдор шаванд».
«Касеро наметавон худсарона боздошт ва ё ҳабс намуд».
«Ҳар кас ба баробарии комил ҳақ дорад, ки даъвояш ба василаи додгоҳи худсолор ва бетарафе боинсофона ва ошкоро расидагӣ шавад».
Нуфузу эътибор ва аҳмияти Эъломияи Куруши Кабир дар ҷаҳони муосир эътироф гардидааст.
Ҳанӯз мақомоти кишвари Эрон дар замони ҳукмронии шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар чаҳорчӯбаи идеологияи «Инқилоби сафед» дар остонаи солгарди 2500-солагии подшоҳии Порс, «Силиндраи Куруш»-ро ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид ҳадя кард. Ин далели мавҷудияти манифести қадим, ки ҳуқуқи халқҳои забтшуда ва мутеъшавандаро дар доираи як империя ва қонунгузории ягона бар хилофи бераҳмии ҳокимони Бобул ва Ошур маҳсуб меёбад. Куруши Кабир ҳатто дар мамлакатҳое, ки таҳти тасарруф ва пуштибонии Ҳахоманишиён қарор дошт, дар баробари ба вуҷуд овардани фазои сулҳу оромӣ, инчунин барномаҳои тарбиявӣ, маданӣ роҳандозӣ менамуд, то ин ки мардум аз саводу маърифат бебаҳра намонанд.
Муаррихону олимони бузург дар бораи Куруши Кабир андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Аз ҷумла, Ксенофонт дар асараш «Киропедия» («Курушнома») навиштааст: «Куруш нобиғаи бузург буд, ки дар тамоми умр ба ҳадафе муқаддас ва олӣ пайравӣ мекард. Ӯ дӯсти инсонҳо ва толиби илму ҳикмат, ростӣ ва дурустӣ буд. Куруш ақида дошт: пирӯзӣ ба ҳеҷ кишваре, ба ҳеҷ миллате ҳуқуқ намедиҳад, ки халқи мағлубро асир кунад, шаҳри шикастхӯрдаро набояд ғорат кард. Куруш бузургтарин, бахшандатарин, покизатарин, дарёдилтарин марди таърихи дунё буд. Куруш бузургтарин ҳаводори фарҳанг ба шумор мерафт». Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» низоми давлатдории Хахоманишиёнро бо санадҳо аз сарчашмаҳо ва маъхазҳои саҳеҳи таърихӣ баён намудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар бораи нақши бузурги Куруши Кабир илова карда, мегӯяд: «Куруш сиёсатмадори оқил, пайрави илму ҳикмат, ростию адолат, ободонию созандагӣ буд ва худро «чӯпони раият» хонда, ба озодии дину мазҳаб ва баробарии халқиятҳои қаламраваш кафолат медод. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон басо шабоҳат дорад, ки руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост».
Воқеан ҳам, Куруши Кабирро метавон асосгузори маҷмуи ҳуқуқи инсонҳо ва нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф кард. Зеро дар тамоми дунё, аз ҷумла, Амрикою Аврупо дар қонунгузории миллӣ ва ҳам паймону аҳдномаҳои зиёди ҷаҳонӣ аз он истифода карда, баҳравар гаштаанд.
Аъзам Бобоев, рӯзноманигор
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019