Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР – АЗ ТАШАББУС ТО ТАБОБАТИ МУОСИР
Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар устуворона рушд мекунад. Ғафурзода Музаффар Абдуқаҳҳор, муовини роҳбари шабакаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар, дар суҳбат бо мо аз дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои минбаъда мегӯяд.
– Лутфан, аз навгониҳои соҳаи тандурустӣ, аз ободонию созандагиҳо дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Бохтар дар соли ҷорӣ бигӯед.
– Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ имсол, аз ҷумла роҳравҳои бинои сеошёнаи дармонгоҳи кӯдакона таъмиру сафолакчинӣ шуд. Қисмати пеши бино низ бо маблағгузории соҳибкорон навсозӣ гардид. Дар баробари ин, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос, чор нафар табибро барои курси такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристодем.
– Кадом навгониҳо пас аз бозгашти ин мутахассисон амалӣ шуданд?
– Яке аз табибони эндокринолог дар Ҷумҳурии Чин такмили ихтисос ва бозомӯзӣ намуд, ду табиби атфол ва як асабшинос дар Федератсияи Русия. Пас аз бозгашт, онҳо навгониҳои омӯхтаашонро дар фаъолияти ҳаррӯза истифода бурда истодаанд. Дар моҳи декабр боз як мутахассис бо ин мақсад ба Русия равон мешавад.
– Оид ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар самти тандурустӣ чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
– Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббиро дар Бохтар маблағгузорӣ мекунад, ки дар соли 2026 ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои КАТС бо маблағҳои буҷетӣ як қатор корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ анҷом ёфтанд.
– Дар самти таҷҳизонидани муассисаҳо чӣ пешравиҳо ҳаст?
–Ду дастгоҳи муосири ултрасадо ворид шуд, ки барои ташхиси саривақтии ҳолати ҷанини модар кумак мерасонад. Бо дастгирии шарикони рушд маркази маъюбон бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва ба интернет пайваст карда шуд.
– Баъди Ковид-19 чӣ гуна тағйирот ба миён омад?
– Баъд аз пандемия, таъмин бо таҷҳизоти тиббӣ хеле беҳтар шуд. Аз ҷумла, бо таҷҳизоти рентгени рақамӣ, ултрасадо, оксигенератор ва дигар дастгоҳҳои ташхисӣ таъмин гардидем. Ин ба сатҳи хизматрасонӣ таъсири мусбат расонд
– Дар самти хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо чӣ навгониҳо доред?
– Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ беш аз 50 ҷуздони махсуси тибби оилавӣ гирифтем. Онҳо дорои таҷҳизоти экспресси таҳлили қанд, пешоб ва дигар асбобҳои ташхиси фаврӣ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки бемор зуд ташхис ва табобат шавад
– Барои шахсони имконияташон маҳдуд чӣ корҳо анҷом шуд?
– Як ташкилот якчанд аробачаи маъюбӣ ва дигар дастгоҳҳоро таъмин намуд. Онҳо ба нафарони ниёзманд дастрас гардиданд. Ин иқдом низ барои боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ хеле муҳим аст.
– Оё омода кардани мутахассисон ба таври кофӣ роҳандозӣ шудааст?
– Бале, мо ҳамеша такя ба мутахассисони баландихтисос мекунем. Ҳоло ду нафар дар муассисаи мо унвонҷӯйи илмҳои тиб ҳастанд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи касбият муҳим аст.
– Чӣ гуна метавонем ҷомеаи солимро таъмин кунем?
– Пешгирӣ аз беморӣ беҳтарин табобат аст. Ҷомеаи солим метавонад ҳама соҳаҳоро рушд диҳад. Тақрибан 60% саломатии инсон ба худи ӯ вобаста аст. Танҳо 10–11% ба табибон. Мардум бояд аз ахбор ва тавсияҳои тиббӣ бохабар бошанд.
– Мавқеи соҳаи тандурустӣ дар Паёмҳои Пешвои миллат чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
– Соҳаи тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Пешвои миллат пайваста ба рушди он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Имрӯз мутахассисони мо дар кишвар ҷарроҳиҳои сатҳи ҷаҳониро анҷом медиҳанд, ки ин мояи ифтихор аст.
– Дар охир, паёми Шумо ба ҳамкасбон ва ҷомеа чист?
– Мо барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба талош дорем. Бовар дорам, ки соҳаи тандурустӣ боз ҳам рушд мекунад. Ба тамоми мардум саломатӣ ва барори кору зиндагӣ таманно дорам.
Мусоҳиб: М. Акрамов,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД 10:59НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 15:375151 ВА МАЙНАИ ДОНО 12:12ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 18:07ХУРОСОН. БУНЁДИ ПАНҶ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАСИСАИ ТАЪЛИМӢ 14:04ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН 12:11Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025



