Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
Дар доираи иқдоми фарҳангии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақсимоти шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, китоби “Шоҳнома” дар шаҳри Бохтар низ оғоз гардид.
Тадбири мазкур идомаи иқдомҳои созанда, дурбинона ва ватандӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳар як хонадони сокинони мамлакат китоби “Шоҳнома” ҳамчун туҳфаи Пешвои муаззами миллат тақдим карда мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ доданд, 56 ҳазору 334 нусхаи ин асари безавол ба шаҳри Бохтар ворид гардида, ба 28 ҳазору 167 оила тақдим карда мешавад.
Чанде аз нусхаҳои ин тӯҳфаи Пешвои муаззами миллатро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба сокинони шаҳр, аз ҷумла ба собиқадрон тақдим намуданд.
Тақдими китоби “Шоҳнома” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дошта, ҳамарӯза ин асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба сокинон дастрас карда мешавад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
МАҲБУБИ КӮДАКОН
2025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН



