Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 30 октябр, дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ - осори тамаддуни ҷаҳон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши мутантан муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури зиёда аз 25 ҳазор занону бонувони ҳунарманду зебописанд, ки бо либосҳои миллӣ - чакан, атлас, адрас, кӯлобию суғдӣ, ҳамадонӣ ва дигар навъҳои либосҳои тоҷикона роҳпаймоӣ намуданд, рангу ҷиллои идона гирифт.
Зикр гардид, ки либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки ҳувияти фарҳангии миллатро ифода мекунад. Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшии тоҷикона, имрӯз ба як ҷараёни умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Фестивал бо намоиши дастаҷамъонаи бонувони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд, идома ёфт. Дар гӯшаҳои алоҳидаи фестивал ҳунармандон, дӯзандагон, чакандӯзон, адрасбофон ва заргарони маҳаллӣ намунаҳои беҳтарини ҳунари худро муаррифӣ карданд.
Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ ташвиқ ва эҳёи либосҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги тоҷикии либоспӯшӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз паҳншавии унсурҳои бегона дар муҳити зеҳнӣ ва зоҳирии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни фестивал барномаҳои рангини фарҳангӣ, рақсу сурудҳои миллӣ, саҳнаҳои театрикунонидашудаи мардумӣ ва намоиши либосҳои миллӣ ба хотири бинандагон як фазои пурмаъниву шодмонӣ бахшиданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо шаҳодати равшани он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва мероси миллӣ рӯ ба болоравӣ дорад. Занону духтарони тоҷик бо ифтихор либоси миллии худро ба бар карда, онро на танҳо ҳамчун ҷузъи зебоии зоҳирӣ, балки рамзи асолат ва маънавияти миллӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар поёни фестивал ба як қатор бонувони фаъоли соҳа ва ҳунармандон барои саҳми арзанда дар тарғиби фарҳанги миллии либоспӯшӣ Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд 15:03Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд



