Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 окт 15:15АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар деҳаи “Орзу”-и Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун 1,1 километр роҳ мумфарш карда шуд.
Дар ин хусус сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи болозикр Шарифҷон Сайҷонов ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани “365 рӯзи ободонӣ” роҳандозӣ гардида, барои бе мамоният рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш гардида, ин гуна иқдом минбаъд низ дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия ба роҳ монда мешавад.
-То инҷониб бо саҳми соҳибкорони маҳалли қисмати зиёди роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ гардида, кор дар ин самт хуб ҷараён дорад, - гуфт Ш. Сайҷонов.
Дар оғози кори мумфаршсозии ин роҳ раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода иштирок намуда, ба ташаббускорони ин иқдоми шоиста таҳсину офарин гуфт.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 14:49ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ 12:51ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР 12:43БИЁ, МО НАРАВЕМ 13:06ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:01БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ 10:59ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07
Серхонандаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР
ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Ҳуҳуқ ва масъулият дар муносибатҳои меҳнатӣ
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ
ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ
БИЁ, МО НАРАВЕМ



