Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Дар ноҳияи дурдасти Панҷ маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам муташаккилона идома дошта, то 7 октябри соли равон ин маъракаи муҳими оммавӣ дар сатҳи 70,6 фоиз иҷро шудааст.
Дар ин хусус роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи мазкур Саидҷамол Хоҷаев ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани иммунизатсия аз ҳисоби кормандони КАТС 42 бригада таъсис дода шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ин маъракаи муҳим дар сатҳи хуб ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки духтарони синну соли 11 – 14 солаи ноҳияи Панҷ 6979 нафарро дар бар гирифта, то санаи 7 октябри соли равон 4929 нафар ваксина гирифтанд.
Зикр шуд, ки то инҷониб ба ноҳияи Панҷ дар ҳаҷми 6300 воя ваксина ворид гардида, боқимонада рӯзҳои наздик дастрас хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи оммавии иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, ин тадбир бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани бемории саратони гарданаки бачадон ба роҳ монда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 14:49ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ 12:51ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР 12:43БИЁ, МО НАРАВЕМ 13:06ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:01БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ 10:59ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07
Серхонандаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР
ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Ҳуҳуқ ва масъулият дар муносибатҳои меҳнатӣ
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ
ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ
БИЁ, МО НАРАВЕМ



