Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
13-уми июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмон ва ободонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ҷараёни боздид роҳбари вилоят масъулинро муваззаф намуд, ки дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ ба зебогардонии муҳити атроф, чароғонкунӣ, гулкорӣ ва дарахтшинонӣ аҳаммияти махсус диҳанд.

Яке аз чунин иншооти муҳим бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Чорсӯ мебошад, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз як ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд. Ин таълимгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз мактаб ба масъулин дастур дод, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, таъмини китобхонаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҷалби мактаббачагон ба китобхонӣ ҷоннок намоянд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол ба анҷом расонида мешавад. Айни ҳол таҳкурсии бино пурра рехта шуда, 20 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Ҳамзамон, раиси вилоят аз фаъолияти Қисми мустақили 28-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуда, бо имкониятҳо ва таҷҳизоти мавҷудаи ин ниҳод шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки қисми мазкур бо 5 адад техникаи сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мебошад. Дар доираи сафари корӣ ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ як адад техникаи нави оташнишонӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки таъмин ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии масъулин қарор дошта бошад.
Сафари кории раиси вилоят бозгӯи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаҳои маориф, варзиш, кишоварзӣ ва ободонии муҳити зист мебошад. Таъмини шароити беҳтари таҳсил, дастрасии варзиш барои кӯдакон ва наврасон ва ҳамзамон бехатарии зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии ин ташаббусҳо маҳсуб меёбанд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ