Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
13-уми июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷараёни ҷамъоварӣ ва содироти мева, нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.
Ҳадаф аз боздид таҳкими тадбирҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни боздид аз боғи шафтолуи хоҷагии ёрирасони сокини ноҳия Исфандиёр Қадамов иттилоъ дода шуд, ки дар майдони 1,2 гектар боғи шафтолу бо усули муосири агротехникӣ парвариш меёбад. Маҳсули ин боғ на танҳо дар бозорҳои маҳаллӣ, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони худро пайдо кардааст. То кунун зиёда аз 400 килограмм шафтолу ба Федератсияи Русия содирот гардидааст.

Қайд гардид, ки аз 550 гектар боғи мавҷуда дар ноҳия 500 гектараш ба содирот нигаронида шудааст.
Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти боғпарвар таъкид дошт, ки истифодаи самараноки ҳар порча замин ва парвариши боғҳои нав бо истифода аз таҷриба ва технологияи замонавӣ заминаи рушди устувори соҳа мебошад.
Ҳамзамон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҳолати нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии Тӯрахон Исанқулов боздид намуд. Дар хоҷагӣ, ки соли 1932 таъсис ёфтааст ва дорои 255 гектар замин мебошад, имсол дар 150 гектар пахта кишт шудааст. Пахтаи навъи чинӣ, ки мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ аст, нашъунамои хуб дорад. Ҳамчунин, баъди ҷамъоварии ғалладона дар 2 гектар кишти такрории ҷуворимакка ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи иттилоъ, дар сурати риояи талаботи агротехникӣ, хоҷагидорон аз ҳар гектар то 55 сентнер ҳосил мегиранд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад. Дар ин замина, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ