Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРҲОИ СЕЙСМОИКТИШОФӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БОХТАР» БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» ва «БИҶИПИ-ИНК» маросими кушодашавии марҳилаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳаи “Бохтар” дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ техника ва имкониятҳои технологие, ки аз ҷониби ширкати чинии мазкур ҷалб шудаанд, ба намоиш гузошта шуда, масъулин оид ба ҷараёни корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал доданд. Зикр гардид, ки марҳилаи аввали лоиҳаи “Бохтар” ҳанӯз соли 2008 оғоз гардида, дар доираи он корҳои ҷустуҷӯии минтақавӣ, магнитоиктишофӣ ва сейсмоиктишофӣ ба анҷом расонида шудаанд. То ба имрӯз дар ин самт беш аз 110 миллион доллари ИМА сарф гардидааст.

Ширкати «СИ-ЭН ПИСИ Интернешнл» аз соли 2024 ба иҷрои корҳои иктишофӣ-геофизикӣ оғоз намуда, дар ҳамин сол дар масоҳати 15 400 км корҳои магнитоиктишофӣ ва гравииктишофиро ба маблағи 7,4 миллион доллар анҷом додааст.
Бино ба иттилои пешниҳодгардида, татбиқи лоиҳаи мазкур барои муайянсозии минтақаҳои дорои захираҳои саноатии нафту газ ва интихоби нуқтаҳои пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯӣ замина фароҳам меорад.

Дар доираи оғози марҳилаи дуюми корҳои сейсмоиктишофӣ, ҳамчунин машварати корӣ бо иштироки раиси вилоят ва роҳбарияти ширкатҳои чинии шарик баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръат, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода намуда, барои рушди соҳаи нафту газ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд.
- Вилояти Хатлон дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар мусоидат намояд, - иброз дошт раиси вилоят ва ба роҳбарияти ширкатҳои чинии ҳамкор барои дастгирӣ ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи «Бохтар» изҳори сипос намуд.
Дар утоқи назоратии лоиҳа мутахассисони чинӣ натиҷаҳои марҳилаи аввали фаъолиятро муаррифӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи лоиҳаро шарҳ доданд. Қайд гардид, ки корҳои сейсмоиктишофӣ дар доираи лоиҳа дар ҳудуди 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, шумораи кормандон то 900 нафар хоҳад расид.

Дар анҷоми чорабинӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳими геологӣ ба натиҷаҳои мусбат оварда, заминаи устувор барои оғози пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯии нафту газ гузошта мешавад. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ