Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУДКУШӢ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
Суҳбати ихтисосӣ бо Ҳайдар Сафаров, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар вобаста ба мавзуи худкушӣ аз нигоҳи ислом.
– Домулло, мехостем атрофи яке аз масъалаҳои нангини ҷомеа, худкушӣ бо Шумо суҳбате дошта бошем. Мутаассифона, баъзан шоҳиди чунин ҳодисаҳои нохуш мешавем, ки сабабу омилҳои гуногун доранд. Шумо ҳамчун як ходими дин дар ин маврид чӣ назар доред? Дини мубини ислом то чӣ андоза чунин амалҳоро маҳкум мекунад?
– Ташаккур. Баъд аз салому дуруд гуфтаниам, ки ҳар яки мо бояд неъмати бузург будани ҳаётро бидонем. Одамӣ ин ҳақро надорад, ки ҳаёти нафареро барбод диҳад ва ё ба зиндагии худ нуқта бигузорад, яъне даст ба худкушӣ занад. Мусаллам аст, ки ҳар мусибате дар рӯзгори инсон пеш меояд, ин имтиҳонест аз ҷониби Парвардигор. Худованд дар Қуръони карим, дар сураи Нисо, ояти 29 мефармояд:
“Эй муъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред, магар вақте ки он доду ситади тиҷорат бо ризои якдигар аз шумо бошад! Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо Меҳрубон аст”.
Аз нигоҳи шариат, худкушӣ гуноҳи кабира аст ва шахсе, ки аз рӯи зулму ноумедӣ даст ба ин кор мезанад, дар ояти 30-и сураи Нисо омадааст:
“Ва ҳар ки ба бедодӣ ва ситам чунин кунад, ӯро ба дӯзах дарорем; ва ин (кор) бар Худо осон аст”.
Худкушӣ сабабҳои зиёд дорад ва яке аз сабабҳои асосии он муносибатҳои носолими оилавӣ аст. Бояд дониста бошем, ки амали худкушӣ ноумедӣ аз раҳмати Худо мебошад. Худкушӣ ва ё ба худкушӣ оварда расонидан назди Худо ҷавобгарӣ дорад. Яъне шахсе, ки сабаби марги худ ва дигаре мешавад, ҷавобгар аст.
Инсон ба чӣ мушкилие рӯбарӯ нашавад, бояд аз чунин амали зишт худдорӣ намояд, зеро ин роҳи ҳалли масъала нест. Мушкилотро метавон бо маслиҳати нафарони соҳибтаҷриба, донишманду бохирад ҳал намуд.
Дар ин баробар худкушӣ аз таъсири бемориҳои равонӣ низ ба амал меояд. Ислом ба мусалмонон таълим медиҳад, ки дар ҳама ҳолат ба Худо таваккул кунанд. Аз ҳадисҳо маълум аст, ки агар шахс бо имон ба Худо таваккул кунад ё хоҳишҳои мусбат ва муҳими дунё ва охиратро намояд, Худо оромиш ва сабрро ба ӯ хоҳад бахшид. Дар сураи "Тавба", ояти 51 омадааст:
“Бигӯ: “Ба мо ба ҷуз он чи Худо барои мо навиштааст, ҳаргиз чизе нарасад. Ӯ Корсози мост. Ва муъминон бар Худо бояд ки таваккул кунанд»”.
Ҳамагон бояд донем, ки ҳар мушкил роҳи ҳал дорад. Худованд ҳаргиз касеро беш аз тавоноиаш имтиҳон намекунад. Худованд дар ояти 155-и сураи Бақара мегӯяд:
“Ва ҳароина шуморо ба чизе аз тарсу гуруснагӣ ва нуқсони молҳову ҷонҳо ва меваҳо меозмоем. Ва собиронро мужда деҳ”.
– ЯЪНЕ, САБР РОҲИ НАҶОТ АСТ?
– Бале, сабр нури роҳ аст. Сабр дар ислом яке аз роҳҳои муҳимтарини наҷот ва раҳоӣ аз мусибатҳост. Дар Қуръон ва суннат борҳо зикр шудааст, ки сабр василаи наҷот ва наздикӣ ба Худост. Худованд дар оятҳои зиёде сабрро мадҳ карда, ваъдаи мукофоти бузург додааст.
– ЛУТФАН МЕГУФТЕД, КИ ПАЁМБАР МУҲАММАД (С) ДАР БОБИ ХУДКУШӢ ЧӢ ГУФТААНД?
– Дар мавзуи худкушӣ Паёмбар (с) дар ҳадисҳояшон таъкид намудаанд, ки аз ин амал даст бикашед. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:
– Касе, худро бо аслиҳае ба қатл мерасонад, дар рӯзи қиёмат он силоҳ дар дасти вай қарор дорад, ки онро дар шиками худ фурӯ мебарад ва дар дӯзах ба таври ҷовидона мемонад ва касе, ки бо заҳр (шарҳи домулло: чӣ доруҳои зиёд, сирко ва ғ.) бикушад, пас он заҳр дар дасти ӯст, ки онро мехӯрад ва дар оташи дӯзах ҷовидона боқӣ мемонад. Ва касе, ки аз кӯҳе худро андохт ва бикушт, пас ӯ дар оташи ҷовидона меафтад. (Ин ҳадисро Бухорӣ, Муслим, Насоӣ ва Тирмизӣ ривоят кардаанд).
Ва ҳадиси саҳеҳе аст, ки шахсе ҷароҳат бардошта буд ва ба марг шитоб карда, худро бо тезии шамшер ба қатл расонид. Чун хабар ба ҳазрати Расулаллоҳ (с) расид, гуфт, ки ӯ аз дузах аст. “Паноҳ мебарам ба Худо аз бадиҳои нафсҳои худ ва аз корҳои зишти худ”.
Ҷои дигар ҳадиси саҳеҳе аст, ки ҳазрати Расулаллоҳ (с) фармудаанд:
– Дар ҷумлаи мардумони пеши аз шумо марде буд, ки ҷароҳат дошт ва аз он ба фарёд омада буд ва кордеро гирифту дасташро бурид ва ҳанӯз хуни он истода нашуда буд, ки вафот ёфт. Худованд дар бораи он шахс фармуд: Бандаи ман дар бораи хеш бар ман сабқат ҷуст, бинобар он ҷаннатро бар вай ҳаром гардондем.
Тақдири худо аст, ки бандагон дар вақти муайян аз дунё мегузаранд, аммо чунин касон пешдастӣ кардаанд ба тақдироти Худо. Ва мавзеи баъдии онҳо ҷаҳаннам аст.
– Ривояте ҳаст, ки Паёмбар (с) дар яке аз ҷанозае ҳозир шуданд ва сабаби фавти он шахсро пусиданд. Гуфтанд, ки ин кас худкушӣ кардааст ва Паёмбар (с) ҷанозаи ин шахсро нахонданд ва рафтанд. Ба ин каме равшанӣ мендохтед.
– Паёмбари акрам (с) ба ҷанозаи шахсе ҳозир шуданд. Вақте фаҳмиданд, ки ин шахс худкушӣ кардааст, худашон намози ҷанозаи ӯро нахонданд, вале ба дигар асҳоб иҷозат доданд, ки намози ҷанозаро хонанд. Яъне, Паёмбар (с) худашон иштирок накарданд, чун ин амалашон барои дигарон таълим шавад.
Худо накарда, агар имрӯз шахсе аз рӯи бемориҳои васвос ва ё дигар сабабу омилҳо ба ин амал даст занад, маънои онро надорад, ки ҷанозаашро мо набояд хонем. Фақат дар замони Паёмбар (с) худи ӯ нахонд, аммо чаҳорёрон, асҳоби киром ҷанозае ба ин гуна шахсонро мехонданд ва ин ба ҳайси таълим буд, ки аз ин амал худдорӣ шавад.
– ДАР ИН МАВРИД ШУМО ЧӢ МАСЛИҲАТ МЕДИҲЕД?
– Гуфтаниям, ки ҳеч гоҳ ноумед нашавед! Худованд дар сураи Зумар, ояти 53 чунин фармудааст:
Бигӯ “Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомӯрзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”.
Ва дар ин маврид шоире низ фармудааст:
Чаро ғам мехӯрӣ, эй марди сода,
Ки як дар баставу сад дар кушода.
Худо ҳамеша барои сабркунандагон дари наҷотро мекушояд. Худкушӣ ҳаргиз роҳи ҳал нест, балки сабр ва таваккал ба Худо роҳи наҷот аст.
–Ташаккур, домуллои гиромӣ барои чунин як суҳбати самимӣ!
–Сипос ба аҳли эҷоди “Сафо” ба хотири пайгирии чунин як мавзуи доғи рӯз.
Суҳбаторо – Маҳмадализода Маҳмадалӣ Саидхон
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ