Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тоҷикистон ватанам
То охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар давлати собиқ Шуравӣ, ки давлати аз ҳама сермиллати дунё маҳсуб меёфт, намояндагони беш аз 132 миллату халқиятҳо зиндагӣ мекарданд. Баъди азҳампошхӯрии он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иддае аз намояндагони аққалиятҳои миллӣ ба ватани аҷдодиашон баргаштанд.
Бо амри сарнавишт шумораи чашмраси онҳо Тоҷикистонро Ватан интихоб намуда, то имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагӣ рӯзгору фаъолияти хешро идома дода истодаанд. Сокини шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод Ахмедова Неля аз зумраи намояндагони аққалиятҳои миллӣ аст, ки гузаштагонашон ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта аз вилояти Оренбурги Федаратсияи Россия нахуст ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва пас аз ду сол ба Тоҷикистон ҳиҷрат намуда буданд. Падараш Борис Ахмедов тайи солҳои 1956-1993 дар хоҷагии давлатии (совхози) Муъминобод ба ҳайси сарагроном фаъолият намуда, модараш Татяна Ахмедова бошад, то охири умр дар Беморхонаи маркази ноҳияи Муъминобод ба сифати корманди хоҷагӣ кор кардааст.
-Зодмандонамон моро дар руҳияи донишандӯзию меҳандӯстӣ тарбия ва ба воя расониданд ва баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (собиқ омӯзишгоҳи тиббӣ) дохил шуда, баъди хатми он фаъолиятро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод оғоз бахшидам. Баъдан, ба шавҳар баромада, соҳиби ду фарзанд гардидам,- қисса кард ӯ.
Духтари Неля Зарина баъди хатми бомуваффақияти факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳия ба симати омӯзгор фаъолият карда истодааст. Писараш Ёқуб бошад, хатмкардаи Донишгоҳи Славянии Русия –Тоҷикистон мебошад.
-Тоҷикистони азизам ва мардумони меҳмоннавози онро беҳад дӯст медорам ва тули рӯзгору фаъолият дар ноҳияи хушманзараи Муъминобод бо мардумони дилкушоду меҳмоннавозаш паҳлу ба паҳлу ҳаёту фаъолият дорам. Аз ҳаққу ҳамсояву ҳампешагонам пухтану омода намудани ҳамаи хӯрокҳои миллиро омӯхтаам, ки барои ин аз якояки онҳо сипосгузорам. Гарчанде ки баъди пошхӯрии давлати Шуравӣ ва сар задани ҳодисаҳои шаҳрвандӣ бародари калонӣ ва хоҳаронам Тамараю Наталя бо аҳли хонаводаҳояшон ба вилояти Краснодари Федератсияи Россия рафтанд, аммо ману хоҳари хурдиам Лилия аз Тоҷикистон дил канда натавонистем, дар Ватан мондем.
Ба гуфтаи Неля Ахмедова дар замони Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Аз ҷумла, соли 2021 дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил” ифтитоҳ гардид.
Дар ин росто ба хотири донишу таҷрибаи баланд, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дигар зарфиятҳои касбиаш ӯро ҷиҳати идомаи фаъолият ба ин муассисаи бонуфузи соҳаи тандурустӣ даъват намуданд.
Ҳамин тавр, Неля то имрӯз ба ҳайси ҳамшираи калони тиббӣ дар Маркази барқарорсозии бемории дил фаъолият бинмуда истодааст. Тавре худ қисса мекунад, аз ҳаёту фаъолияти пурсамараш дар ин диёри нозанин қаноатманд асту худро дар ин ноҳияи кӯҳистони решапайванд медонад ва ба қавли Соиби бузург;
Маро аз софии ботин зи худ донанд ҳар қавме,
Ки ҳар зарфе ба ранги худ барорад оби равшанро.
АЪЗАМ БОБОЕВ, НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Добавить комментарий
Ахбор
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН" 11:01МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ "ГУРУҲИ СОХТМОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН" 15:15ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН 14:53ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ 15:54Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад 14:39ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД 13:35Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд 11:32РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ 11:26
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ХАТЛОН. 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ ГУНОГУН ҶАМЪОВАРӢ ШУД
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ВАҲДАТ